Дар як моҳи ахир се ҳолати латукӯби омӯзгор аз ҷониби хонандагону ҷавонон расонаӣ шуд: яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг. Вазорати корҳои дохилӣ дар ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз кард ва Вазорати маориф ва илм гуфт, ки “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”. Вале ин қазия бар эътибори омӯзгор чӣ таъсир мерасонад, чӣ гуна хонандагон ба сӯи омӯзгорон даст мебардоранд ва сабаби ин бархӯрдҳои тунд чист? “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард ва назари омӯзгорону волидонро ҳам пурсид.
Се қазияи латукӯби омӯзгор дар як моҳ
Тайи як моҳи охир дар мактаби №5-и ноҳияи Ховалинг ду ҳолати латукӯби омӯзгор ва ҳатто директори муассиса ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта хонандаи синфи 11-и мактаби №5 бо директори ин мактаб муноқиша кардааст.
Тағоймурод Холов, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг дар суҳбат бо мо гуфт, рӯзи 24-уми май Исмоилов Аловуддин, директори муассиса, бо сабаби беадабӣ кардани хатмкунанда М.М. ӯро сарзаниш кардааст, “вале вай аз он ки ислоҳ шавад, баръакс, бар зидди директор даст боло намудааст”.
Дар паи ин ҳолат, бар зидди хонандаи синфи 11-и мактаби №5 бо ҷурми авбошӣ (моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
Ғайр аз ин, рӯзи 15-уми апрел С.С., хатмкунандаи дигари мактаби №5 бо омӯзгори муассиса Гавҳарбӣ Давлатова даъвои лафзӣ карда ва дар ниҳоят ӯро латукӯб намудааст.
Ба гуфтаи Тағоймурод Холов, сабаби даъво ва дар дар ниҳоят ба латукӯб гузаштани хонанда ҳам дар вақти танаффус беадабӣ карданаш будааст.
Ин масъала дар Шӯрои маорифи ноҳияи Ховалинг мавриди баррасӣ қарор гирифта, хатмкунанда С.С. аз ин мактаб ихроҷ шудааст. Бинобар аз таҳсил дур намондан ва барои муҷозот ин хатмкунанда ба мактаби деҳаи дурдаст интиқол дода шудааст.
Ҳамин тавр, рӯзи 22-юми апрел кормандони милится дар шаҳри Бохтар ду ҷавони 22-соларо барои латукӯби омӯзгори мактаби №7 боздошт намуданд. Он вақт гуфта мешуд, ки ҷавонон омӯзгор С.Зиёзодаро аз дарс ба берун даъват карда ва мустақиман дар долон ӯро таҳқир ва латукӯб намудаанд.
“Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”
Маъмулан, дар таҷриба омӯзгорон бо сабабҳои мухталиф хонандагонро сарзаниш ва даъво мекарданд, вале ҳолати баръакси он - ҳатто то латукӯби омӯзгор ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон кардааст.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин робита ба мо гуфтанд, ки “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад ва ба ҳама ҳолатҳои нақзи он баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”.
Ба ин гуфта ҳамсӯҳбати мо, моддаи 52-и Қонун “Дар бораи маориф” оид ба “Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор”-ро далел овард.
Дар ҳамин ҳол, мо аз волидон ва омӯзгорон пурсидем, ки сабаби воруна шудани мақоми устоду шогирд чӣ аст ва дар ин ҳолат чӣ бояд кард.
Сабаб: интиқод ё тарафгирии оила?!
Ҳайдар Қосим, яке аз омӯзгорони собиқадор дар Душанбе дар ин робита ба мо гуфт, дар ҳолати мазкур аз ҳама беш оила замина мегузорад.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар аксар оилаҳо падару модарон ба мақоми муаллим эҳтиром қоил нестанд ва аз онон интиқод мекунанд ва ин боис мегардад, ки фарзанд ҳам бар ин масъала бетафовут шавад ва мақоми баланди устодро нодида гирад.
Ин омӯзгор меафзояд, ки волидоне, ки аз гуноҳҳои фарзанд пуштибонӣ мекунанд, омили дигари дағдағаи хонанда ва паст шудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мешавад.
“Агар бо кадом сабабе омӯзгор хонандаро сарзаниш кунад, падару модараш “нархи пиёзу сабзиро напурсида” аз болои омӯзгор даъво мекунанд ва ҳатто ба суд медиҳанд. Дар ин масъала шароити молиявии оила низ таъсиргузор аст. Аз ин кори волидон хонандагон худписанд мешаванд ва дигар ҳарфи омӯзгоронро ҳам гӯш намекунад. Дар ниҳоят, ин ҳама боиси бесаводиву бадахлоқии ҳамон хонанда мешаваду бас”, - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ таъкид кард, ки “ҳеҷ омӯзгоре бидуни сабаб хонандаро сарзаниш намекунад ва ҳар ҳарфе, ки омӯзгор ба он хонанда мегӯяд, ба боварӣ мегӯям, ки бар фоидаи хонанда ҳасту бар зиёнаш - на”.
Ғайр аз ин, Ҳайдар Қосим гуфт, “бояд иқрор шуд, ки омӯзгороне ҳам ҳастанд, ки гоҳо бар сари ғазаб ё аз ҳисоби камтаҷрибагиву ҷавонӣ хатти қирмизи миёни устоду шогирд бударо мегузаранд”.
“Ин паҳлӯи масъаларо ҳам набояд нодида бигирем ва роҳбарони муассисаву омӯзгорони собиқадор бояд омӯзгорони ҷавонро дар ин роҳ хуб тарбият намоянд”, - афзуд Ҳайдар Қосим.
“Мансаби падар набояд пуштибони писар шавад!”
Падару модарон ҳам мегӯянд, ки тарбияи носолими фарзанд дар оила ва тарафдории волидон аз ҳар кирдори анҷоммедодаи фарзандон сабаби бетарбиягияшон дар мактаб ва дар ниҳоят дастбардорӣ ба сари омӯзгорон мешавад.
Манзума Абдуллоева, як сокини Душабе, ки чанд фарзанди мактабхон дорад, дар суҳбат бо мо гуфт, дар сурате, ки хонанда бедафтару китоб, бесару либос ва бидуни ба дарс тайёр шудан ба мактаб меравад, албатта, омӯзгор ҳақ дорад, ки сабаб пурсад ва сарзанишаш кунад.
“Хонандагони имрӯза, махсусан онҳое, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекунанд, бепарвофалак шудаанд ва супориши омӯзгорро иҷро намекунанд. Дар ҳолати сабаб пурсидани омӯзгор ҳам бо дағдаға ҳарф мезананд, ки омили аслиаш дуруст тарбият нагирифтан дар оила аст”, - иброз дошт Абдуллоева.
Ин модар афзуд, “набояд мансаби падар боиси аз худ рафтани хонанда шавад ва ҳама хонандагон дар мактаб бояд баробар бошанд”.
“Шавҳарам мансабдори давлатӣ аст, вале фарзандони мо аз ин дағдаға надоранд, аслан мо намегузорем, ки онҳо аз ин сӯистифода баранд. Аммо гоҳо мешунавем, ки фарзанди кадом як мансабдор ҳам ба дарс нарафтаву ҳам бо омӯзгор даъво кардааст. Албатта, ин кори хуб нест ва пеш аз ҳама волидон бояд садди роҳҳои бади хонандагон шаванд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ҳамин тавр, ӯ афзуд, “агар мо - падару модарон фарзандони худро дуруст тарбият кунем, дар мактабу дар ҷомеа бароямон раҳмат мегӯянд ва омӯзгор ҳам хуни ҷигар намешавад”.
Чӣ бояд кард?
Ҳайдар Қосим, яке аз омӯзгорони собиқадор дар Душанбе хулоса мекунад, ки масъалаи паст ё баланд шудани мақоми омӯзгор ҳамвора ба оила иртибот мегирад ва “аз ин рӯ, дар бархе қазияҳо аввал падару модарро тарбият кардан мебояду пасон фарзанди онҳоро”.
Манзума Абдуллоева, модари хонанда бошад, бар ин назар аст, ки дар сурати ба шаъну шарафи омӯзгор латма задан, хонандаро ба мактабҳои душвортарбия интиқол додан лозим аст, ки дигар хонандагон аз ин амал ибрат гиранд ва дигар такрор нашавад.
УМВД предупреждает: «аренда» банковских карт – новый вид мошенничества в Таджикистане
В Душанбе мать и трое детей отравились угарным газом
Готов ли Душанбе к зиме?
Таджикский тренер в Узбекистане расстался со своими соотечественниками
Стало известно о судьбе второго таджикистанца, находившегося на борту самолета, потерпевшего крушение в Актау
СМИ узнали об изоляции жены Башара Асада из-за лейкемии
Таджикистанцы теперь будут сдавать отпечатки пальцев при получении справки о несудимости
На борту упавшего в Актау самолета были два уроженца Таджикистана
Как меняется контртеррористическая повестка в мире и причем здесь Таджикистан?
Президент России рассчитывает, что воинские расчеты стран СНГ примут участие в параде 9 мая
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста