Дар “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе мутахассисони чинӣ бемории катарактаро  ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд. 

Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи барномаи “Экспресс саломатӣ: сафари дурахшон”-и Вазорати тандурустии Чин амалӣ мешавад. 

Катаракта ин бемориест, ки ба хирашавии зуҷоҷаи (линзаи оптикии) дохили чашм оварда мерасонад. 

Имрӯз, 5 июн, дар ин бора ҷонибҳо дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ созишнома имзо намуданд.


Иқдом аз 31 май то 18 июн идома ёфта, дар ин муддат гурӯҳи кории мутахассисони чинӣ - 4 духтур, 3 ҳамшира, муҳандис ва дигар мутахассисон, беморонро ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар доираи он 500 нафар бемор бояд ҷарроҳӣ шаванд.

Мувофиқи маълумоти вазорат, то имрӯз аллакай зиёда аз 150 нафар аз муоинаи тиббӣ гузашта, наздики 70 нафар ҷарроҳӣ шудаанд. 

Инчунин, баъд аз анҷоми барнома аз ҷониби Чин ба Тоҷикистон таҷҳизот ва маҳсулоти истифодашаванда дар ҳаҷми 1 миллион юан (ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ) ҳамчун кӯмаки башардӯстона тақдим мегардад.

Сокинони  шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар метавонанд то 18 июн ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 барои муоинаи ройгон ба “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.