Дар Тоҷикистон давоми 10 соли охир ихроҷи моддаҳои зараровар ба атмосфера тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Нақлиёт манбаи асосии олудашавии ҳаво мебошад. Коршиносон мегӯянд, бояд нақлиёти ҷамъиятии “сабз” тавсеа дода шавад.
Таҳлили додаҳои Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2012-2022, маълумот барои соли 2023 ҳанӯз нашр нашудааст) нишон медиҳад, ки давоми 10 соли охир ҳаҷми ихроҷи моддаҳои зараровар ба атмосфера 1,8 маротиба афзудааст.
Дар ин давра ҳаҷми умумии ихроҷи моддаҳои зараровар 4526 тоннаро ташкил додааст. Сарчашмаи асосии олудашавӣ манобеи мутаҳаррики мошинҳо мебошанд, ки 88 дарсади ҳаҷми умумии олудашавиро ташкил медиҳанд. Ин дар ҳоле ки ҳамагӣ 12 дарсади ҳаҷми олудашавӣ ба манбаъҳои собит рост меояд.
Ин маънои онро дорад, ки манбаи асосии ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон нақлиёт аст. Автомобилҳо ба атмосфера гази зарарнок — оксиди карбон, ки ҳангоми нопурра сӯхтани сӯзишворӣ ҳосил мешавад, сар медиҳанд.
Дар аҳди пандемия мизони ихроҷи моддаҳои зиёновар аз манобеи мутаҳаррик ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
Ихроҷи моддаҳои зараровар ба атмосфера. Ҳазор тонна
Мушоҳида мекунем, ки дар аҳди пандемияи соли 2019 ихроҷи моддаҳои зараровар аз манобеи мутаҳаррик 2,2 маротиба кам шудааст. Ба эҳтимоли зиёд, ин натиҷаи коҳиши ҳаракати нақлиёт бар асари карантин ва дигар маҳдудиятҳо мебошад.
Маъмулан ҳаворо чӣ ифлос мекунад?
Манбаъҳои мутаҳаррики олудашавӣ сабукравҳо, боркашҳо, автобусҳо, мотосиклҳо, техникаҳои кишоварзӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт мебошанд. Онҳо маъмулан оксиди карбон, карбогидратҳо ва оксиди нитроген ихроҷ мекунанд.
Манбаъҳои собит корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, заводҳо, гармхонаҳо ва дигар иншооти собитро дар бар мегиранд. Ин манбаъҳо ба атмосфера зарраҳои сахт, оксиди карбон, дуоксиди азот ва дигар моддаҳоро ихроҷ мекунанд.
Ин моддаҳо то чӣ андоза хатарноканд?
Ихроҷи моддаҳои зараровар ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба саломатии одамон зиёновар мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ):
• оксиди карбон (СО) ба интиқоли оксиген ба организм халал мерасонад, ки боиси нафастангӣ, чарх задани сар ва бад шудани кори системаи дилу рагҳо мегардад. Таъсири дарозмуддати CO метавонад ба рушди бемориҳои дил мусоидат кунад;
• заррачаҳои сахт (PM) метавонанд ба шуш ва гардиши хун ворид шуда, боиси бемориҳои дил, бемории шуш ва зиёд шудани хатари саратони шуш шаванд;
• дуоксиди сулфур (SO2) мумкин аст сабаби сӯзиши чашм ва роҳҳои нафас гардад, нафастангӣ ва дигар бемориҳои узвҳои нафасро шадидтар кунад;
• карбогидридҳо ва оксиди нитроген (NOx) ба ташаккули озон ва дуд дар сатҳи замин мусоидат мекунанд, ки вазъи бемориҳои роҳи нафасро бадтар мекунад ва метавонад боиси афзоиши бемориҳо ва фавт гардад.
Кадом минтақабештар фазоро олуда мекунад?
Таҳлили додаҳо барои солҳои 2012-2022 нишон медиҳад, ки минтақаи аз ҳама олудатарини кишвар Суғд мебошад. 36 дарсади ҳаҷми умумии партовҳо ба ин вилоят рост меояд. Дар ҷойи дуюм ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (23%), дар мақоми сеюм вилояти Хатлон (22%), баъдан Душанбе (18%) ва ниҳоят ВМКБ (2%) қарор доранд.
Ҳиссаи манобеи олудашавӣ дар минтақаҳо ба ин тартиб аст:
Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон манобеи мутаҳаррики олудакунандаи ҳаво пешсаф ҳастанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон манбаҳои собити ифлоскунанда тамоман вуҷуд надоранд. Дар ин ҳол, дар НТҶ ва Душанбе ҳиссаи манбаъҳои собит нисбат ба дигар минтақаҳо зиёдтар аст.
Ихроҷи бештари моддаҳои зараровар дар минтақаҳои алоҳида эҳтимолан ба зичии зиёди аҳолӣ, ҳаракати зиёди нақлиёт ва фаъолияти саноатӣ алоқаманданд. Рушди иқтисодии минтақаҳо аксар вақт бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ ба амал меояд, ки ин боиси афзудани ифлосшавии ҳаво мегардад.
Паёмадҳои афзоиши ихроҷи моддаҳои зиёновар
Ба гуфтаи коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист Тимур Идрисов, олудагии ҳаво на танҳо ба саломатии инсон, балки ба муҳити зист ва фаъолияти кишоварзӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.
“Ифлосшавии ҳаво метавонад сабаби бемориҳои роҳҳои нафас, дилу раг ва дигар маризиҳо шавад. Бар асоси пашуҳиши “Идоракунии сифати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки Бонки ҷаҳонӣ анҷом додааст, мизони маргу мир аз олудагии ҳаво дар Тоҷикистон 78 фавт ба сари 100 000 аҳолӣ дар як сол арзёбӣ мешавад. Дар Осиёи Марказӣ аз рӯи ин нишондод пас аз Узбекистон дар ҷойи дуюм ҳастем”, - мегӯяд Идрисов.
Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки олудашавии ҳаво ба муҳити зист таҳдиди ҷиддӣ дорад.
“Ин боиси коҳиши гуногунии биологӣ шуда, ба экосистемаҳо таъсири манфӣ мерасонад ва сабаби обшавии пиряхҳо мегардад. Ҳамчунин метавонад, масалан, ба зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла коҳиши ҳосил таъсири манфӣ расонад”, - меафзояд коршинос.
Барои беҳтар шудани вазъ чӣ бояд кард?
Ба гуфтаи Тимур Идрисов, барои беҳбуди вазъ системаи муассири мониторинги сифати ҳаворо роҳандозӣ бояд кард, шабакаи истгоҳҳои замонавиро тавсеа ва феҳристи босифати партовҳоро таъсис бояд дод.
“Инчунин вобаста ба ҳар иншооти нисбатан олудакунандаи ҳаво нақшаи мушаххаси тадриҷан коҳиш додани ҳам ҳаҷми умумии партовҳо ба атмосфера ва ҳам олудакунандаҳои нисбатан хатарноктар таҳия кардан лозим аст”,- меафзояд коршинос.
Идрисов инчунин барои беҳтар кардани муҳити зист дар кишвар пешниҳод мекунад, ки низоми самараноки нақлиёти ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардида, дар шаҳрҳо шумораи минтақаҳои сабз афзоиш дода шавад, раванди гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия суръат дода шавад ва барномаҳои ҳатмӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии энергия роҳандозӣ гардад, ҷамъоварӣ ва коркарди алоҳидаи партовҳо созмон дода шавад ва ташаббусҳои экологӣ, ба монанди дучархасаворӣ дастгирӣ карда шаванд.
Ба гуфтаи коршинос, гузаштан ба мошинҳои барқӣ метавонад ба коҳиши ихроҷи моддаҳои зараровар ба атмосфера мусоидат кунад, аммо рушди нақлиёти ҷамъиятии “сабз” муассиртар хоҳад буд.
“Дар мавриди мошинҳои барқӣ, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои онҳо нерӯи барқ чӣ гуна тавлид мешавад, аккумуляторҳо чӣ гуна безарар ва коркард мешаванд, кадом инфрасохтор вуҷуд дорад ва чӣ гуна нигоҳдорӣ мешавад ва ғайра”,- қайд мекунад коршинос.
Ба гуфтаи Тимур Идрисов, гузаштан ба мошинҳои барқӣ мушкилоти дигари марбут ба нақлиёт, бахусус, тамбашавӣ, бехатарӣ дар роҳ ва монанди инро ҳал намекунад.
Вай муътақид аст ки яке аз беҳтарин василаҳои коҳиши партовҳо аз нақлиёти автомобилӣ рушди нақлиёти ҷамъиятии тозаву бароҳату зуд ва шеваҳои алтернативии ҳаракат, аз ҷумла дучархаҳо мебошад.
“Тасмимҳое ки ба одамон имкон медиҳанд бидуни истифодаи мошин зуд ва осон ҳаракат кунанд, унсури асосии шаҳри сабз мебошанд. Албатта, нақлиёти ҷамъиятӣ бояд “сабз” шавад, масалан, тавассути нақлиёти барқӣ ва гузаштан ба истифодаи сӯзишвории алтернативӣ”, - хулоса кард коршинос.
130 победителей. Кто стал лауреатами конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Генсек ОДКБ анонсировал принятие программы по обустройству таджикско-афганской границы
Уголовные дела за лайки. Изменится ли ситуация после критики президента?
Международный форум Digital Tajikistan собрал в Душанбе более 1000 делегатов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста