Субҳи имрӯз, 24-уми июн, аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз шаҳри Мадина ба Душанбе баргаштанд. Онҳоро намояндагони мақомоти масъул ва наздикону пайвандонашон бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Ин гурӯҳи ҳоҷиён дар ҳайати 165 нафар то рӯзи 25-уми май ба Арабистони Саудӣ рафта буданд ва давоми як моҳ он ҷо маносики ҳаҷро анҷом доданд.
Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки бозгашти ҳоҷиён то 10-уми июл идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим чанде пештар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки беш аз 6 ҳазор шаҳрванди кишвар имсол барои адои маносики ҳаҷ сафар карданд.
Дар соли 2024 зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ нисбат ба соли 2023 камтар маблағ пардохт карданд. Арзиши он соли гузашта 59 ҳазор сомонӣ ва соли 2022 - 61 ҳазор сомониро ташкил дода, имсол ба 57 ҳазор сомонӣ баробар буд.
Ҳамчунин, се нафар сокини кишвар дар пайи гармии ҳаво дар Арабистони Саудӣ ҷон бохтанд.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста