Баъди аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонидани садҳо муҳоҷири тоҷик, мақомот аз онон хоҳиш доранд, ки дар Душанбе аз санҷиши изи ангушт гузаранд ва пасон ба Русия сафар намоянд. Ба иддаои мақомот, ин амал барои бемушкил ба қаламрави Русия ворид шудани муҳоҷирон кумак мерасонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирони иҷозаи вуруд нагирифтаи тоҷик даъво доранд, ки ҳеҷ қонуншикание накардаанд ва мақомоти Русия онҳоро бидуни сабаб ба ватан бозпас фиристодааст.
Ин дархостро Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар сомонааш интишор кардааст.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки пеш аз сафар дар Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон аз санҷиши изи ангушт гузаранд.
Намояндагии вазорат гуфтааст, ҳоло бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳ нестанд, ки бар зиддашон қарори “ихроҷи маъмурӣ ё ин ки манъи воридот” баромадааст ва аз ин рӯ, онҳоро аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон бармегардонанд.
“Аз ин лиҳоз, таклиф мегардад, ки пеш аз сафар ба Русия шаҳрвандон вазъи ҳуқуқии худро бо мусоидати Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон муайян созанд ва ҳамзамон барои дарёфти минбаъдаи патент расмиёти бақайдгирии давлатии изи ангуштро гузаранд”, - омадааст дар хабарнома.
Афзуда мешавад, маълумотномаи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бе хавфи гирифтор шудан ба санҷишҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ вориди Русия шуда, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти кориро дастрас намоянд ва ба кор оғоз кунанд.
Дар ин баробар, таъкид шудааст, ки пеш аз оғози сафар такмил додани сатҳи донистани забони русӣ ва қонуну қоидаҳои Русия ба манфиати кор ҳаст.
Бояд гуфт, ки пас аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав барои муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон шароити будубош дар ин кишвар сахттар шуд.
Ҳамчунин, чанд моҳ ба ин сӯ воруди муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия мушкил шудааст. Муҳоҷирон даъво доранд, ки дар замони будубош дар қаламрави Русия ҳеҷ қонуншикание накардаанд.
Аммо то имрӯз садҳо муҳоҷири тоҷикро дар фурудгоҳҳои Русия нигоҳ дошта, бозпурсӣ карда ва бидуни шарҳи амале ононро ба муддатҳои гуногун ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.
Воқеан, танҳо дар моҳи июн дастикам 110 шаҳрванди Тоҷикистон дар ду навбат, ба гуфтаи муҳоҷирон бидуни ҳеҷ қоидавайронкунӣ, аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 24-уми июн 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекарданд, бо сабаби норӯшан аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд.
Ин теъдод тоҷикистониён барои се моҳ аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд. Аммо сабабаш норӯшан аст, фақат кормандони фурудгоҳи Внуково гуфтаанд, ки “шумо барои мо дарди сар ҳастед”.
Аз ин пештар, рӯзи 14-уми июн ба беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, ҳаққи вуруд ба Русия надоданд. Чанд тан аз онҳо рӯзи 16-уми июн гуфтанд, ки мақомоти рус онҳоро ҳам “дардисарсоз” барои Русия номидаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар пайи мушкилоти дар қаламрави Русия ва фурудгоҳҳои ин кашвар доштаи муҳоҷирони тоҷик аз онон хоста буд, ки “бе зарурат ба Русия сафар накунанд”.
Мақомоти Русия, пештар дар суҳбат ба мақомдорони тоҷик, мушкили пайдошударо ба “амалиёти зиддитеррористӣ” рабт дода буд.
Новогодние направления для отдыха на море и шоппинга в 2024 году
Smart-освещение, многофункциональная мебель и никакого блеска: тренды интерьерного дизайна
Как выплачиваются декретные и пособия по уходу за ребенком в Таджикистане?
Можно ли поменять свою подпись, и как это сделать в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста