Дар давраи рӯзҳои аз 30 июл то 5 августи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм бо ҳарорати баландтарин боқӣ мемонад.
Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ноҳияҳои дар водиҳо қарордошта ҳаво то 40+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияи Дарвоз то 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳандаи ҳарорат нисбат ба чанд рӯзи пешина 2-3 дараҷа поинтар аст.
Дар Душанбе имрӯз ҳавои тағйирёбандаи беборишдар назар аст. Шаҳрро тӯфони чангу ғубор фаро гирифтааст. Ҳарорат рӯзона 39-41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳамин гуна ҳаво дар назар буда, рӯзона ҳарорат 35-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 30 июл то 2 август дар қисми зиёди ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе, бо сабаби омилҳои метеорологӣ ҳаво ифлос мешавад.
Чангбод аз самти ҷанубӣ ва ҷанубу-ғарбӣ ба кишвар ворид гардида, андозаи зарачаҳо 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5)-ро ташкил медиҳад.
Рӯзҳои 30 июл то 5 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ба хотири бехатарӣ тавсияҳои зеринро риоя кунанд:
- то ҳадди имкон камтар дар зери нури офтоб бимонед. Агар ин ногузир бошад, пас сари худро бо кулоҳ ва чатр пӯшед;
- дар хотир дошта бошед, ки аз соати 11.00 то 17.00 офтоб бештар фаъол аст. Дар ин вақт тавсия дода мешавад, ки тамоми қисмҳои баданро аз нури офтоб муҳофизат кунед. Либоси дӯхташуда аз матоъи табиӣ пӯшед. Бештар об нӯшед, аммо машрубот нанӯшед. Дар гармо таъсири машрубот зиёд шуда, организм ба ҳарорати баланд ҳассос мешавад. Оби хунукшуда, чойи сабз, квас бинӯшед;
- агар имкон набошад, сафарҳои дуру дарозро бо мошин маҳдуд кунед, дар роҳ то ҳадди имкон эҳтиёт кунед, зеро дар вақти гармӣ саломатии шумо бадтар мешавад. Кӯдаконро ҳатто дар муддати кӯтоҳ дар мошин танҳо нагузоред. Дар шароити гарм, ин метавонад боиси беҳуш шудани кӯдак гардад;
- агар шумо дар соҳили обҳо истироҳат мекунед, пас барои ин ҷоеро интихоб кунед, ки иҷозат дода шудааст. Бештар дар ҳамон минтақаҳое, ки наҷотдиҳандагон навбатдорӣ мекунанд. Агар бо фарзандонатон дар соҳили обҳо истироҳат мекунед, пас онҳоро аз назаратон дур надоред, доим бубинед, ки куҷоянд ва чӣ кор мекунанд;
— дар ҷойҳои махсус муқарраршуда аз дастгоҳҳои махсуси таомпазӣ бояд истифода кард, агар мехоҳед кабоб пазед, пас ҷойеро интихоб кунед, ки иҷозат дода шудааст.
- ҳар коре агар мекунед, ки бо оташ иртибот дорад, пас эҳтиёт кунед, дар гармо истифода аз оташ ва ҳатто асбобҳои барқии гармидиҳанда ҳассосиятҳои худро дорад, ки риояи қоидаҳои бехатариро тақозо мекунад;
- омода кардани шашлик барин ғизоҳо дар айвони хонаҳо қатъиян манъ аст!
Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?
1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошта бошанд.
2. Ҳатман он доруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, бояд истеъмол кунанд.
3. Бо худ бояд оби бегаз дошта бошанд.
4. Доштани рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ шарт аст, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кунанд ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ доранд.
5. Дар офтоб худро насӯзонанд ва кӯшиш кунанд аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯянд.
6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашаванд.
7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшанд.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшанд.
9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаранд, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунанд.
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоянд ва сигор ҳам накашанд.
Аз шаҳрвандон дархост мешавад, ки дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳанд.