Ҳамасола, якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи омӯзгорон" таҷлил мешавад. Меҳнати муаллимон дар кишвар на ҳамеша ба таври зарурӣ қадр мегардад. Омӯзгорон аксаран аз маоши кам ва сарбории зиёд нигаронӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам дар як вохӯрии худ дар "Рӯзи дониш" бори дигар ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла ба паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи имрӯза таъкид кард.
Раисҷумҳур ба сохторҳои марбута дастур дод, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи мақоми омӯзгор"-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
"Азия-Плюс" ба муносибати таҷлили “Рӯзи омӯзгор” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки муаллимони мактаб дар ҳаёти онҳо чӣ нақш доранд. Мо аз сокинони пойтахт пурседем, ки омӯзгори дӯстдоштаи онҳо кӣ буд ва чӣ ном дошт, кадом гуфтаҳои муаллим як умр дар хотири онҳо нақш бастааст ва имрӯз барои омӯзгорони худ чӣ орзу мекунанд. Посухи онҳоро дар навор бинед:
Ҳар як посух хотироти самимӣ ва суханҳои гарму пур аз арзи сипос аст. Биёед ҳамроҳ онҳоеро, ки ба мо дониш андӯхтанду иродаву бовариамонро ба оянда қавӣ сохтанд, изҳори миннатдорӣ мекунем!




Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 декабря 2025 года
«Жизнь вдохновляет»: Как Умеджони Бурхон превращает чувства в музыку
От Астории до Грейси: как новый мэр Нью-Йорка столкнулся с критикой за свое льготное жильё
Молодые юристы Таджикистана учатся отстаивать права жертв насилия
За год в мире убиты 67 журналистов: RSF призывает правительства защитить представителей СМИ
«27 лет мучений»: Мирзиёев раскритиковал хлопковую политику эпохи Каримова
Как не отравиться угарным газом?
Эмомали Рахмон запустил в Турсунзаде новый завод и образовательные учреждения
Солнечные и ветровые станции Узбекистана произвели 10 млрд кВт*ч, сократив потребление газа на миллиарды кубов
Таджикский боец Рахмонов проведет претендентский бой с россиянином
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста