Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст.
Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст.
Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки номи худро дар ин рӯйхат санҷанд, то аз мушкили эҳтимолӣ канорагирӣ кунанд. Аммо ҷустуҷӯи номи худ дар ҷадвали бузург душвор аст.
Барои осон ва содда кардани раванди санҷиш, “Азия-Плюс” Telegram-боти 👉 @apnamecheck_bot фаъол кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар ин рӯйхат будан ё набудани номашонро зуд санҷанд.
Бот чӣ хел кор мекунад?
Барои оғози истифодаи бот, лозим аст ба яке аз каналҳои Telegram-и мо обуна шавед: Asia-Plus TJ ба забони тоҷикӣ ё Asia-Plus ба забони русӣ.
P.S. Каналҳои мо муфиданд ва бо мо шумо ҳамеша аз хабарҳои охири Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон огоҳ мешавед. Инчунин, бо ин роҳ, шумо моро дастгирӣ мекунед ва барои эҷоди ғоя ва хидматрасонии нав илҳом мебахшед.
Пас аз обуна шудан ба яке аз каналҳо, ба сӯҳбати бот баргардед ва санаи таваллуди худро дар формати “рӯз.моҳ.сол” ворид кунед.
Бот маълумоти шуморо ба таври худкор санҷида, хабар медиҳад, ки оё номи шумо дар рӯйхат ҳаст ё не.
Ба далели он ки номҳои шаҳрвандон дар ҷадвал ба шаклҳои гуногун (бо забон ва ҳарфҳои тоҷикию русӣ) сабт шудаанд, бот барои ҷустуҷӯ санаи таваллудро истифода мебарад. Барои ҳифзи маълумоти шахсӣ, қисми ҳарфҳои ному насаби шахс бо рамзи * ишора карда мешавад.
Шаҳрвандон метавонанд номи худро дар сомонаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ санҷанд.
Телефон барои тамос:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40, 250-32-09, 250-32-42
Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95, 225-05-89, 225-05-77
ВКД: 227-86-31, 221-98-12, 93 876 26 26, 93 922 06 84
Народный артист СССР. Знай наших!
На конференции в Исламабаде талибов призвали снять ограничения на образование девочек
ТОП-5 видов продукции, которые обеспечили аграрный рост Таджикистана в 2024 году
Сбербанк России обнаружил в даркнете «университет» по обучению мошенников
В Таджикистане задержали подозреваемого в организации незаконной миграции в Украину
Райские парадизы Востока
Мировой рейтинг дзюдо: на каком месте таджикистанцы?
Минтруда Таджикистана огласило список профессий для трудовой миграции в Катар
Таджикистанец впервые избран президентом Исполнительного совета ЮНИСЕФ
В США запретят TikTok, если Китай не продаст платформу до 19 января
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста