Дар вилояти Хатлон беш аз 3 тонна дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштиро, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, сӯзонда, нобуд кардаанд. Арзиши онҳо наздики 250 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Дар ин бора Шайхаҳтам Саъдуллозода, сардори Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфт, як қисм аз ин дору ва маҳсулотро ширкатҳои дорусозӣ ва марказҳои дармонӣ барои нобуд кардан ба раёсат оварда супоридаанд.
Қисми дигарро мутахассисони ин ниҳод ҳангоми санҷиши дорухонаҳо, ширкатҳои дорусозӣ ва муассисаҳои табобатӣ дарёфт ва аз муомилот гирифтаанд.
Ба гуфти манбаъ, дар маҷмуъ 3 тоннаю 331,2 кг дору ва маҳсулоти тиббиву дармонӣ, ҳамчунин, ороишиӣ бо арзиши 247 ҳазору 843,6 сомонӣ сӯзонда ва нобуд карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ду соли пеш бо қабули қонун дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтиро пазируфта, назоратро аз болои дору ва маҳсулоти тиббиву беҳдоштӣ пурзӯр кард.
Он замон таъкид мегардид, ки қонуни нав ба рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат ва гузаронидани экспертизаи дору, таъмини аҳолӣ бо доруҳои босифат, пурзур намудани ҷазо ё ҷуброни зарар ба соломатии аҳолӣ дар натиҷаи истеъмоли дору ва ғайра равона шудааст.
Аммо новобаста ба ин, ҳоло низ аз ҷониби сокинон дар мавриди сифати пасти доруҳо ва фурӯши маҳсулоти муҳлаташ гузашта шикоятҳо ворид мешавад.
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Саакашвили приговорили к девяти годам тюрьмы
Новая налоговая ставка на транспорт еще не принята. Опровержение от «Азия-Плюс»
Цены на утилизацию увеличиваются только для автомобилей, которые импортируются в Таджикистан
В Таджикистане озвучили стоимость хаджа в этом году
В Польше задержали женщину за торговлю человеческими органами. В числе жертв – таджикистанцы
Wildberries определил популярные подарки на 8 марта
Таджикистан и Китай намерены возобновить прямое авиасообщение между Душанбе и Пекином
В России предложили проверить ММА-клубы на связь с радикалами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста