Тахминан як моҳ пеш Русия ному насаби 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кард, ки ба вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар ва шомили “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и мақомоти корҳои дохилии ин кишвар шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ин рӯйхатро бознашр карда, барои санҷиши ном ва расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон рақами телефони зерсохторҳои худро пешниҳод карданд. Вале ҳамарӯза шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордошта ба “Азия-Плюс” шикоят мекунанд, ки телефон барои тамос кор намекунад, хомӯш аст ва ё ба зангҳо касе посух намедиҳад.

Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” тасмим гирифт ба рақамҳое, ки барои тамос ва расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон пешниҳод шуда буд, занг занад ва санҷад, ки кадоми онҳо кор мекунанд. Маълум шуд, ки на ҳамаи рақамҳои барои тамос гузошташуда фаъоланд.

 

Рақамҳои Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ на ҳамеша фаъол аст

Аз 11 рақами намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Тоҷикистон дар Русия, ки моҳи октябр нашр шуд, танҳо сетоаш фаъол буд.

Аз ҷумла, аз 7 намояндаи вазорат дар минтақаи марказӣ - вилояти Маскав танҳо ду нафар - Субҳон Амирхонзода (+7 (966) 031-22-22) ва Довар Холов (+7 (936) 174-19-92) ба зангҳои мо ҷавоб доданд.

Акси марбут
Акс аз revector.com

Субҳон Амирхонзода зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, шаҳрвандоне, ки номашон дар рӯйхат ҳаст, метавонанд ба рақамҳои +79999125868 дар “WhatsApp” нусхаи шиносномаи хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои лозима ва рақами фаъоли телефони худро фиристанд.

“Айни ҳол мо барои ВКД-и Русия рӯйхат омода мекунем. Шаҳрвандон метавонанд ба мо муроҷиат кунанд, вале аз онҳо хоҳиш мекунем, баъд аз фиристодани ҳуҷҷатҳо ҳар рӯз “чӣ шуд?” гуфта, занг назананд. Ҳамааш омода шавад, худи мо бо онҳо тамос мегирем”, - илова кард Субҳон Амирхонзода.

Ӯ ба шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳояшон нопурра аст ва ё ғалат дорад, тавсия дод, қаламрави Русияро ба муҳлати се моҳ тарк кунанд ва пеш аз дубора ворид шудан, нахуст иҷозаи вуруд доштан ё надоштани худро дар намояндагии ВКД-и Русия дар шаҳри Душанбе санҷанд. 

“Нафароне, ки то ҳол қайд, ҳуҷҷати иқомати муваққат (РВП) ва ё иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) надоранд, то 5-уми феврал яке аз ин ҳуҷҷатҳо ё патент гиранд, чун баъд аз ин муҳлат гирифтани ҳуҷҷат душвор мешавад” - гуфт ӯ.

Се намояндаи дигари вазорат дар минтақаи марказӣ - вилояти Маскав - Дилрабо Азимӣ (+ 7 (495) 967-98-44 ), Бахтиёр Зарифов (+7 (495) 967-98-44) ва Комрон Дӯстов (+7 (988) 676-00-00) ҳарчанд рақамҳояшон фаъол буд, вале ба зангҳои мо ҷавоб надоданд.

Рақамҳои Назаралӣ Вализода (+7 (967) 271-02-02) ва Ромиш Холназаров (+7 (929) 540-88-88), ду намояндаи дигари вазорат дар минтақаи марказӣ - вилояти Маскав дастнорас буд.

Аз намояндагони минтақаҳои дигар, танҳо Зафар Қурбонализода (+7 (926) 311-52-53) аз минтақаи Приволжск ба занги мо ҷавоб дод.

Рақамҳои намояндагони минтақаи Сибир, Баҳром Юсуфализода (+7(929) 388-54-11) ва минтақаи Шимолу ғарб, Фурӯзон Ҷонмуҳаммадов фаъоланд, вале ба зангҳо ҷавоб надоданд.

Рақами Хуршед Мирзозода (+7 (996) 120-77-77) намояндаи вазорат аз минтақаи Ҷануб –-ғайрифаъол буд.

 

Аз камтарин ниҳоде, ки ҳамаи рақамҳояш фаъол аст

Се рақами Раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (250-32-40; 250-32-09; 250-32-42), ки асосан барои тамос бо сокинони кишвар пешбинӣ шуда аст, фаъол буд ва ба зангҳои мо посух доданд.

Ба зангҳои мо тавассути се рақами Хадамоти муҳоҷират (225-05-95; 225-05-89; 225-05-77) низ ҷавоб доданд. Яке аз ин рақамҳо аз роҳбари раёсат ва дуи дигар аз кормандон будааст.

Дар ин ду ниҳод шарҳ доданд, ки рақамҳо танҳо дар соатҳои корӣ, аз 8-и субҳ то 5-и бегоҳ, фаъоланд ва аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд дар соатҳои корӣ занг зананд.

“Ҳамарӯза ба мо даҳҳо нафар телефон мекунанд, аз ин рӯ, аксари вақт хатти алоқа банд аст. Агар ҳангоми занги шаҳрвандон низ алоқа банд бошад, лутфан каме баъд такроран занг зананд, то мо кумак расонем” - илова намуданд дар Хадамоти муҳоҷират.

 

“Худатон санҷед”

Аз 4 рақами телефони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) (227-86-31; 221-98-12; 93 876 26 26; 93 922 06 84) дутоаш посух намедиҳад, ду рақами дастии дигар фаъол аст, вале хоҳиши моро бораи санҷиши ном дар  “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и ВКД Русия рад карда, гуфтанд, “худатон тариқи сомонаи Вазорати меҳнат санҷед ва агар саволе пайдо шавад баъд ба мо занг занед”.

“Мо на ҳама вақт дар назди компютерем, аз ин рӯ беҳтар мешавад агар худи шумо номатонро тафтиш карда, дар ҳолати пайдо шудани саволе ба мо занг занед”, - шарҳ дод масъули рақами дуюм (93 922 06 84), ки худро муаррифӣ накард.

 

Як рақам, аммо касе посух намедиҳад

Ба зангҳои пайдарпайи мо аз телефони ягонаи машварати ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон (+7 (965) 320 55 02), ки дар оғози моҳ аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъсис ёфта буд, касе посух надод.

Ҳамин тавр, як санҷиш маълум кард, ки аз 22 рақами телефони барои тамос гузошташуда, 11 рақам ё фаъол нест ё посух намедиҳад. Яъне 50 дарсади рақами барои муроҷиат гузошташуда ба дард намехӯрад.

Акс аз CityTraffic

Дар ҳоле, ки садҳо  ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷири корӣ ҳастанд ва соли ҷорӣ ба таври бесобиқа зери фишору таъқиб қарор гирифта, ба машварату кумак ниёд доранд.

Шояд маҳз хунукназарии масъулини давлатӣ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо мақомоти корҳои дохилӣ аз фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Русия интиқод кард ва гуфт, “гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст”.

Зимнан, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо рӯзноманигорон низ ҳамкориии зич надорад ва дар сурати зарурӣ ба онҳо маълумот дастрас намекунад.

Аз ин лиҳоз, шикояти сокинон, махсусан муҳоҷирони тоҷик аз “рақамҳои барои намоиш гузошташуда” бештар мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.