Шурӯъ аз соли 2025 дар вилояти Твери Русия фаъолияти муҳоҷиронро дар 46 соҳаи дигар манъ мекунанд. Агар дар соли 2024 муҳоҷирони корӣ ҳаққи кор дар 36 бахшро дар ин минтақа надоштанд, дар соли оянда ин феҳрист ба 82 адад мерасад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят хабар додааст.

Дар асоси муқаррароти нав, ки рӯзи 3-юми декабр дар ҷаласаи ҳукумати вилояти Твер гирифта шуд, соли оянда муҳоҷирон наметавонанд, ки дар бахшҳое мисли таъмини нерӯи барқ, обтаъминкунӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди партов, соҳаҳои табъу нашр, таҳия ва таъмири нармафзорҳо, иҷора ва лизинг, сайёҳӣ, тибби байторӣ, истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ, мебел, воситаҳои наклиёт, таъмир ва монтажи мошину таҷҳизот кор кунанд.

Дар баъзе корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла кишоварзӣ, моҳидорӣ, коркарди гӯшт ва моҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти нонпазӣ, равғани растанӣ, хӯроки чорво, маҳсулоти нафтӣ, доруворӣ ва кимиёвӣ низ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Тибқи феҳристи нав ба дигар корҳо, аз ҷумла  манъ мешавад.

Игор Руденӣ, губернатори вилояти Твер сабаби бештар кардани маҳдудиятҳо дар фаъолияти муҳоҷиронро ба дастгирии аҳолии маҳаллӣ рабт додааст. Ӯ гуфтааст, ки ба ҷойҳои кории озодшуда сокинони минтақа, аз ҷумла ҷавонон ҷалб карда мешаванд.

Акс аз Business.ru

“Кӯшиш кардем, то мавқеи тиҷоратро ҳарчи бештар ба инобат гирем. Аммо масъалаҳои амнияти стратегӣ барои давлат дар мадди аввал қарор доранд”,-шарҳ додааст Игор Руденӣ.

Бояд гуфт, ки маҳдудиятҳое, ки соли равон дар ин вилоят тадбиқ гардида буд, ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хадамоти молиявӣ, меъморӣ, савдои чакана ва яклухт, таблиғ, хадамоти иҷтимоӣ ва маъмурӣ инчунин, хоҷагии ҷангал, истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва металлӣ дахл дорад ва дар соли оянда ҳам бетағйир мемонад.

 

Боз дар кадом минтақаҳои Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд?

Аллакай, чанд сол мешавад, ки кор барои муҳоҷирон дар аксари минтақаҳои Русия манъ мешавад. Танҳо давоми ду ҳафтаи охир чанд минтақа фаъолияти муҳоҷиронро дар бахшҳои мухталиф манъ карданд.

Аз ҷумла, дар вилояти Нижний Новгород сар аз соли 2025 кор барои муҳоҷирон дар 37 соҳа, аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ то истихроҷи захираҳои маъдан, колорасонӣ, савдо, хӯрокпазӣ, сайёҳӣ, молия, суғурта ва нақлиёт манъ мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳукумат ба корфармоён се моҳ вақт додааст то коргарони хориҷиро аз кор гиранд.

Инчунин дар вилояти Краснодари Русия низ сар аз соли 2025 ба ҷалби нерӯи кории хориҷӣ дар соҳаи сохтмон маҳдудият ҷорӣ мегардад.

Қаблан, Вениамин Кондратев, губернатори вилоят гуфта буд, ки “вақте мо нерӯи кории хориҷиро манъ кардем, 50 дарсади муҳоҷиронро дар сохтмон ба кор гирифтем. Вале дар соли оянда ин маҳдудият дар соҳаи сохтмон низ амалӣ хоҳад шуд”.

Аз ин пештар низ дар як қатор минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон дар чанд соҳаҳо маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Иркутск ба шаҳрвандони хориҷӣ бо патенти кор фаъолият намудан дар якчанд соҳаҳои калидӣ аз қабили мусофирбарӣ, тиҷорат ва маорифро манъ карданд.

Дар вилояти Омск низ ба муҳоҷирон кор дар таксӣ, соҳаҳои мусофирбарӣ, тиҷорати маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин дар хоҷагии ҷангал ва истеҳсоли доруворӣ манъ мешавад. Соли ҷорӣ дар вилояти Курск низ барои муҳоҷирон кор дар таксӣ манъ гардид.

Қаблан дар зиёда аз 10 минтақа, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти  шаҳрандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки манъи кор дар минтақаҳои алоҳида махсусан баъд аз ҳамлаи террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” дар баҳори соли равон, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, бештар гардид. Ҳамчунин, фишору таъқиб ба муҳоҷирон ҳам авҷ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.