Дар рӯзи бозгашт ба Кохи Сафед Доналд Трамп ҳадафи худро эълон кард. Ин мубориза бо "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ба ИМА мебошад. Трамп дар марзи ИМА ва Мексика ҳолати фавқулода эълон намуда, талош кард,ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Колумбия ихроҷ кунад.
Муҳоҷироне, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд, ҳамрӯза аз амалиёти боздошт (рейдҳо) ва ихроҷи шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд, дар ҳаросанд.
Назари чанд тоҷикистони муқими ИМА-ро пешкаш мекунем.
Муҳоҷирон дар Чикаго дар ҳаросанд
Далер (ном тағйир дода шудааст) ҳоло бо ҳамсараш, ки шаҳрванди ИМА мебошад, дар Чикаго зиндагӣ мекунад. Вай ба наздикӣ бо даъвати ҳамсараш ба ин кишвар омада, умедвор аст, ки дар оянда шаҳрвандӣ мегирад.
Аммо таҳдиди қонунҳои нав ва ихроҷи оммавӣ ӯро сахт нигарон кардааст.
«Ҳоло дар Чикаго ором аст. Дар бораи рейдҳо ё амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки гуфта мешуд, шояд рӯзи сешанбе, 21-уми январ оғоз шаванд, то ҳол чизе дида намешавад. Ҳатто дар телевизион тасдиқ карданд, ки рейдҳоро муваққатан ба таъхир андохтаанд», – гуфт Далер.
Бо вуҷуди ин, миёни муҳоҷирон эҳсоси нигаронӣ боқӣ мемонад.
Далер мегӯяд, ки таҳдидҳои расмӣ ба одамоне, ки Амрикоро ҳамчун хонаи худ, имкони оғози ҳаёти нав ва таъмин кардани ояндаи оилаҳои худ мебинанд, таъсири амиқе мегузоранд.
«Бачаҳои мо метарсанд. Ҳарчанд мегӯянд, ки ихроҷ танҳо ба онҳое таҳдид мекунад, ки бо қонун ё ҳуҷҷатҳо мушкил доранд, боз ҳам бисёриҳо кӯшиш мекунанд камтар ба кӯча бароянд, камтар диққат ҷалб кунанд. Ҳатто онҳое, ки ҳама чизашон дуруст аст, бо тарс зиндагӣ мекунанд», – илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Далер, дар чашмони муҳоҷирон ҳоло умед ва тарс омехта шудааст.
«Ва ҳар яки мо, аз ҷумла ман, як савол дорем: минбаъд чӣ мешавад?» – хулоса кард ӯ.
Як ҳамватани дигари мо, ки беш аз як сол дар иёлат (штат)-и Ню-Йорк зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки ҳоло ором аст, зеро мақомот ваъда додаанд, ки аввал аз Чикаго оғоз мекунанд…
Ҳамсуҳбати мо аз шаҳри Ню-Йорк Замир дар бораи ташвишҳои худ изҳори назар кард.
Муҳоҷирон дар Ню-Йорк нигаронанд, ҳатто бо вуҷуди доштани ҳуҷҷатҳо
Вай гуфт, ки танҳо аз як деҳаи хурди Тоҷикистон тақрибан 40 нафар дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунанд, ки шахсан онҳоро мешиносад.
Ба гуфтаи ӯ, гарчанде ки то ҳол ҳама чиз ором аст, бисёре аз муҳоҷирон ҳисси нигаронӣ доранд.
Замир зиёда аз якуним сол дар ИМА қарор дошта, изҳор мекунад, ки раванди гирифтани ҳуҷҷатҳо дар ин ҷо душвор ва серхароҷот аст.
«Бачаҳое ҳастанд, ки як сол боз дар Амрико зиндагӣ мекунанд, вале то ҳол тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро надошта, ҳатто ҳанӯз аз мурофиаи додгоҳ нагузаштааанд, – мегӯяд ӯ. – Анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо осон нест – ин вақт ва маблағ талаб мекунад. Мо кор карда, қисме аз ҳуҷҷатҳоро омода мекунем, баъд боз маблағ ҷамъ карда, ба омода кардани қисми боқимонда машғул мешавем.
Бисёр вақт лозим меояд, ки ба адвокатҳо муроҷиат кунем, то ки ба раванди расмӣ суръат бахшем, аммо ин ҳам гарон аст. Аз шиносони ман ба ҳисоби миёна 50% аллакай ҳуҷҷатҳои худро гирифтаанд ва расман бо иҷозати кор фаъолият мекунанд.
Аммо ҳатто инҳо ҳам метарсанд. Гарчанде барои 5 сол расман ҳуқуқи иқомат дар кишварро дошта бошанд ҳам, эҳсоси тарс ҳанӯз боқӣ мемонад», – мегӯяд Замир.
Ба гуфтаи ӯ, мардон ва муҳоҷироне ҳам ҳастанд, ки соли 2023 омада, то ҳол ҳатто як маротиба дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок накардаанд.
«Тибқи қоидаҳо, барои гирифтани мақоми паноҳанда, муҳоҷир бояд чанд марҳилаи додгоҳиро паси сар кунад. Баъди он агар додгоҳ ба фоидаи муҳоҷир ҳукм барорад, ӯ мақоме мегирад, ки ба ӯ барои иқомати қонунӣ дар ИМА ҳуқуқ медиҳад (мақоми паноҳандагӣ)», – шарҳ медиҳад ӯ.
Айни замон, муҳоҷирон мисли пештара корро идома дода, пулис ба онҳо кор надорад. Аммо тавре ки Замир таъкид мекунад, овозаҳо ва гуфтугӯҳо дар бораи амалиёти эҳтимолии боздошт ва ихроҷ қатъ намешаванд.
«Мегӯянд, ки баъзе шаҳрдориҳое, ки Трамп ният дошт чунин амалиётро баргузор кунад, аз ин ташаббус даст кашиданд ва дар қаламрави худ ихроҷи муҳоҷиронро манъ карданд. Аммо ҳеҷ кас намедонад, ки минбаъд чӣ мешавад», – илова мекунад ӯ.
Насим (ном тағйир дода шудааст), ки низ дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад, иқрор шуд, ки баъд аз изҳороти Трамп дар бораи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, сахт нигарон шудааст.
Парвандаи ӯ дар марҳилаи қонунӣ гардонидан қарор дошта, вале ӯ то ҳол танҳо дар як мурофиаи додгоҳ ҳузур доштааст, дар ҳоле барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ (гуреза) аз се марҳилаи додгоҳӣ гузаштан лозим аст.
Раванди қонунӣ кардани муҳоҷирон дар ИМА аз чанд марҳила иборат буда, метавонад моҳҳо ё ҳатто солҳо тӯл кашад, бахусус агар парванда барои бознигарӣ ба зинаи болоӣ фиристода шавад.
Насим зикр кард, ки душвориҳои асосӣ барои муҳоҷирон арзиши баланди хидматрасонии адвокатҳо ва интизории тӯлонии ҳукми додгоҳ мебошанд.
«Ин душвор аст, – иқрор мешавад ӯ, – зеро ман бо орзуи як ояндаи беҳтар ба ин ҷо омадам, то кор кунам ва оилаамро, ки дар Тоҷикистон мондааст, таъмин созам. Аммо ҳоло ба ҷои эътимод ба фардо – танҳо нигаронӣ ва интизорӣ».
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Фарруха Негматзаде, «Комде и Мадан», Сада и Вечер музыки
Таджикистан строил, а он сохранял историю: Республика 20 века в фотографиях Николая Софьина
Туристические маршруты Таджикистана появились на международных платформах
Душанбинских энергопотребителей в ближайшие полгода полностью обеспечат «умными» счетчиками
В Таджикистане начали использовать дроны в борьбе с саранчой
Экспорт сельхозпродукции из Таджикистана превысил 226 миллионов долларов
В Швеции застрелили иракца, который проводил акции сожжения Корана
Куда и сколько электроэнергии Таджикистан экспортировал в 2024 году
«Сомон Эйр» заключила соглашение с DAE Capital на поставку двух самолетов Boeing 737 MAX
Пакеты в Таджикистане обещали запретить с 2025 года. Работает ли запрет?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста