Рӯзи 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад. Дар он 6 ҳизби сиёсӣ иштирок дорад ва айни ҳол ба таблиғи барномаи худ машғуланд. Дар робита ба ин аз сокинон пурсидем, ки то куҷо аз ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ва барномаҳои онҳо огоҳ ҳастанд.

Аксари сокинон гуфтанд, номзадҳоро намешиносанд ва аз барномаҳои онҳо огаҳӣ надоранд. Аз ҷумла, аз посухи сокинон маълум гардид, ки ҳатто намедонанд дар Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад.

Посухи сокинонро дар навор бубинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.