Аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад. Аввалин парвоз пагоҳ тавассути ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом меёбад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, пагоҳ аввалин парвози чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе анҷом меёбад. Тавассути ҳавопаймо намояндагони соҳаи авиатсияи гражданӣ, вазорату идораҳо, аз ҷумла намояндагон Кумитаи рушди сайёҳӣ мераванд.
Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 09:00 (ба вақти Душанбе) парвоз карда, соати 13:30 (ба вақти Бишкек) ба фурудгоҳи Бишкек фуруд хоҳад омад.
Зимнан, дар сомонаи расмии ширкати "Сомон Эйр" аллакай, эълони парвозҳои Душанбе-Бишкек пайдо шудааст. Чиптаҳои парвози рӯзи 14-уми март бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.

Ба иттилои ширкати “Сомон-Эйр”, хатсайри доимӣ аз 23-уюми март оғоз гардида, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе анҷом мешавад. Вақти парвоз, аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек соати 14:20 аст
Давомнокии парвоз аз Душанбе то Бишкек 1 соату 30 дақиқа ва дар масири бозгашт 1 соату 20 дақиқа хоҳад буд.
Ширкат нақша дорад, ки дар ояндаи наздик шумораи парвозҳоро то ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе зиёд кунад. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.
Бояд гуфт, парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Бишкек моҳи майи соли 2021 бо сабаби маҳдудияти ҷониби Қирғизистон ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон мутаваққиф шуда буд.
Рӯзи 25 майи соли 2021, тақрибан ба 200 мусофири парвози чартерии «Сомон Эйр» иҷозати вуруд ба Қирғизистон надоданд ва маҷбур шуданд дубора ба Душанбе баргарданд. Моҳи июни соли 2021, ҳукумати Қирғизистон расман марзҳо бо Тоҷикистон баст, ки ин ба қатъи парвозҳо байни ду кишвар низ дахл дошт.
Ахиран, 4 марти соли 2025, дар шаҳри Душанбе мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот бо Одилбек Қосималиев, раиси ҳукумати Қирғизистон масъалаи барқарорсозии парвозҳои мустақим байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад ва дар доираи он ба иловаи чанд санади дигар, ҳамчунин, ҳуҷҷати муҳим оид ба сарҳад - Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ байни сарони ду давлат ба имзо расид.
Туры в Узбекистан на Навруз: куда поехать и что посмотреть?
Незрячая из Шахритуса год не может оформить имущество на своё имя
В Таджикистане самые низкие цены на услуги частных дошкольных учреждений в ЦА
ШОС и ОДКБ приветствуют подписание договора по границе Таджикистана и Кыргызстана
В Кремле заявили, что Россия не хочет временного прекращения огня
Спецпосланник президента США прибыл в Москву
Как проект Tell me, sister помогает открыто говорить на закрытые темы в таджикском обществе
Совершайте покупки в популярных онлайн-сервисах с Mastercard от «Алифа»
Товарооборот между Таджикистаном и Узбекистаном снижается. В чем причина?
Таджикистан и Кыргызстан договорились создать межправительственный совет и увеличить товарооборот до $500 миллионов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста