Намояндаҳои чанд донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷа бо мақсади ҷалби довталабони тоҷик барои таҳсил дар муасссиаҳои олии таълимии худ ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо то 18-уми апрел дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон имкониятҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Дар робита ба ин, дар Тоҷикистон чанд рӯз боз “Фестивал - намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷа” идома дорад, ки дар он 180 намоянда аз 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 кишвар, аз ҷумла, Амрико, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд. Фестивал 14-ум оғоз шуда, то 18-уми апрел идома меёбад.
Дар он ҳамчунин, масъулини вазорат, донишгоҳҳо ва донишҷӯёну хатмкунандагони мактабҳои кишвар ширкат мекунанд.
Мақомот мегӯянд, дар рӯзи аввали фестивал – намоишгоҳ, ки рӯзи 14-уми апрел дар “Маркази ЭКСПО–Душанбе” баргузор шуд, зиёда аз 6 ҳазор хонанда дидан карданд.
Намоиш дар шаҳри Бохтар дирӯз, 16-уми апрел, аз соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар» гузашт ва дар шаҳри Хуҷанд пагоҳ, 18-уми апрел, аз соати 9:00 то 17:00 дар «Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд» мегузарад.

Ҳадафи баргузории ин фестивал густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ ва фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба ин донишгоҳҳо ва ҷалби онҳо ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ мебошад.
“Намоишгоҳи мазкур барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд,” - навиштааст манбаъ.

Дар маросими расмии кушодашавии фестивал-намоишгоҳ, ки 15-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазир, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ва сафирони чанд кишвар, масъулини донишгоҳҳои кишвар ва 82 донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико ширкат карданд.
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 42 ҳазору 400 донишҷӯи тоҷик дар 42 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30% онҳо духтарон мебошанд.




Спортивные итоги года: как Таджикистан прошел сезон-2025 на международной арене
В Душанбе выбрали лучшие маркетинговые кейсы 2025 года
У родителей в Душанбе забрали ребенка, занимавшегося бродяжничеством
«Говорить о транзите власти рано». Президент Казахстана рассказал о своем самочувствии и здоровье своих коллег по СНГ
«Мы хотим сделать джиу-джитсу национальным видом спорта». Легенда BJJ Рафаэль Хуберт посетил Душанбе
«Там, в помещении, дети…» Сегодня 20 лет со дня трагедии в доме-интернате для детей с инвалидностью «Чорбог»
Реформатор, лидер, наставник. Заслуженный деятель Таджикистана Алишер Ярбабаев отмечает 75-летний юбилей
Число таджикских студентов в Узбекистане увеличилось более чем в два раза в 2025 году
«Гренландия принадлежит ее народу»: Европа встала на сторону Дании после заявлений Трампа о присоединении острова
Модернизация агрегатов Кайраккумской ГЭС полностью завершена
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста