Имрӯз, 28-уми ноябр, зимни хондани намози ҷумъа, дар аксар масоҷиди Тоҷикистон намозгузорон бо талаби борон дуо кардаанд.
Чанде аз намозгузорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар масҷиди марказӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва муфтии кишвар ба намозгузорон гуфтааст, ки дуои талаби борон барои баракат, ҳосили фаровонии замин ва осоиштагии мардум хонда мешавад.
Даҳҳо намозгузор аз масоҷиди дигари пойтахт ҳам гуфтанд, ки бо талаби бориши борон дуо кардаанд.
Пештар аз ин Шӯраи уламои Ӯзбекистон ҳам эълон карда буд, ки дар масоҷиди ин кишвар намози дастаҷамъии талаби борон хонда мешавад.
Ин ниҳоди кишвари ҳамсоя навишт, ки дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон дар пайи бебориш омадани мавсими тирамоҳ пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо хонда мешавад. Уламои кишвари ҳамсоя аз шаҳрвандонаш, ки дар умраанд низ хост, то намози истисқо хонанд.
Ҳамчунин, таъкид шуда буд, ки дар баъзе масоҷиди кишвари ҳамоя чорво низ қурбонӣ мекунанд.
Намози истисқо аз ду ракаат иборат буда, одатан бо ҷамоат хонда мешавад. Дар саҳроҳо ва масҷидҳо, бахусус пас аз намоз ва ҳангоми хутбаи ҷумъа, хондани дуои борон маъмул аст.
Қаблан, дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон барои боридани борон гӯсфандро қурбонӣ карда буданд. Сокинон гуфта буданд, ки баъди ин, чанд рӯз борон борид, вале ин вазъи ҷиддии хушксоливу беобиро ҳал накард.
Бояд зикр кард, ки хушксолӣ ва адами боришот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол аз сол бештар мушоҳида мешавад. Имсол баъзе аз кишварҳо гуфтанд, ки бо сабаби боришоти кам дарёҳову обанборҳо хушк шудаанд.




Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Энерголимит в Таджикистане добрался до электромобилей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста