Имрӯз аз ҷониби президенти ИМА Доналд Трамп ба имзо расидани фармонҳо дар бораи манъи муваққатии вуруди гурезаҳо ба ИМА ва боздошти додани раводид ба шаҳрвандони Сурия ва боз 6 кишвари дигари минтақаи Шарқи Наздик ва Африқо дар назар аст.

Бино ба навиштаҳои ВАО дар ин робита, Доналд Трамп ба имзои фармонҳои марбут ба паноҳандагон ва муҳоҷирон аз як қатор кишварҳои африқоӣ ва минтақаи Шарқи Наздик омодагӣ мегирад.

Гуфта мешавад, дар фармони президенти ИМА манъи муваққатии вуруд ба ИМА барои паноҳандагон аз Ироқ, Эрон, Ливия, Сомали, Судон, Сурия ва Яман пешбинӣ шуда, маҳдудияти сафар ҳамчунин ба бархе аз шаҳрвандони ин кишварҳо, ки аллакай раводид доранд, низ дахл хоҳад дошт.

Ин фармон шояд ба намояндагони аққалиятҳои динӣ, ки дар ватанашон мавриди таъқибу фишор қарор доранд, дахл накунад. Ин маҳдудиятҳо нисбати муҳоҷирон то замони аз ҷониби ҳукуматдорони ИМА ҷорӣ шудани низоми бештар шадиди назорати муҳоҷирон амал хоҳанд кард.

Хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад, ки 25 январ Трамп нахуст дар бораи пурзӯр шудани тадбирҳои амниятӣ дар марз ва сипас нисбати паноҳандагон амру фармонҳо ба имзо расониданист.

Дар ҳамин ҳол, Трамп эълон кардааст, ки корҳои бунёди девор байни марзҳои ИМА ва Мексика оғоз шудаанд. «Барои таъмини амнияти миллӣ пагоҳ рӯзи бузургу хуш аст. Миёни дигар корҳо мо девор ҳам месозем!», - хабар додааст ӯ дар саҳифаи твиттерии худ.

Хадамоти русии Би-би-си менависад, фармон дар бораи бунёди деворро президенти ИМА қарибиҳои бегоҳ ба имзо мерасонад.