Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки гумонбари ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург шаҳрванди ин кишвар аст.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, сухангӯи КДАМ Роҳат Сулаймонов гуфтааст, ӯ дар Қирғизистон ба дунё омада, баъдан шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст.
"Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо ҷониби Русия дар тамос буда, чораҳои заруриро хоҳад андешид", - иброз доштааст Сулаймонов.
Гуфта мешавад, 3 апрел дар қатори метрои Санкт-Петербург, ҳангоми ҳаракати он дар миёни истгоҳҳои "Сенная плошад" ва "Технологический институт" таркиш ба амал омад, ки ба огаҳии Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, 11 кушта ва 51 захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Бино ба маълумоти тасдиқношуда, ҳамларо маргталаб анҷом дода, маводи таркандаро эҳтимол аст, шарики ӯ дар дохили қатор монда бошад.
Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "Амали террористӣ" парванда боз кард. Дар Петербург се рӯз мотам эълон шуд.