Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов аз боло сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Алексей Навалний ва Бунёди мубориза бо коррупсия (БМК)-и ӯ ба додгоҳи ноҳияи Люблинои Москва шикоят бурд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба РИА Новости, ин шикоят аз болои мухолифи машҳури рус 12 апрел сурат гирифтааст. Ҳадафи даъвои Усмонов ва ҷузъиёти он гуфта намешавад. Ҳамчунин муҳлати баррасӣ низ номаълум аст.
Ибтидои моҳи марти соли равон БМК натиҷаи таҳқиқотеро дар бораи дороиҳои сарвазири Русия Дмитрий Медведев нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Усмонов ба сохтори марбути сарвазири Русия - "Сотсгоспроект" дар Рублёвское шоссе замин ва як хонаро ба маблағи 5 миллиард рубл "туҳфа" кардааст.
Миллиардер таъкид мекунад, ки замину хонаро дар чаҳорчӯби муомилаи баробарӣ додааст. Вале БМК мегӯяд, санаде доранд, ки "пора" будани онро исбот мекунад ва омодаанд, онро ба додгоҳ пешниҳод кунанд.
Пештар Алексей Навалний гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки ин даъвои ҳимоят аз шарафи Усмонов ба як абзори фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зидди ӯ ва БМК табдил ёбад.