Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо нашри як изҳорот дар саҳфаи расмии расмияш дар Фейсбук, хабар дод, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ аз кишвар, Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст.
Бино ба ин изҳороти Карзай, дар раъси ин шӯро, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон ва Ҳомид Карзай қарор доранд.
Каразй дар ин изҳорот мегӯяд, ки ин шӯро "ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷ ва коҳиши дарду ранҷи мардум ҷиҳати ҳарчи беҳтари идораи умури сул ва интиқоли мусолиматомез" ташкил шудааст.
Тибқи баъзе хабарҳо ҳоло Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон дар дасти неруҳои амрикоӣ аст ва амрикоиҳо неруҳои амниятӣ ва нигаҳбонии Ашраф Ғаниро мунҳал ва ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.
Бино ба изҳороти Карзай, ин "Шӯро аз неруҳои амниятии ҳукумат ва неруҳои амниятии таҳрики исломии Толибон мехоҳад, ки бо ҳифзи хештандорӣ ҷилави даргириҳо, ҳарҷу марҷу таҳрикоти афроди мусаллаҳи ғайри масъул ва ғайримуртабитро қотеъона бигирад".
Ташкили ин шӯро дар ҳолест, ки раҳбарии "Толибон" гуфтанд, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ, ба неруҳояшон дастур доданд, ки ба Кобул ворид шаванд ва пеши роҳи дуздиву ҳарҷу марҷро бигиранд ва вазъиятро котрол кунанд.
Толибон дар як баёния аз неруҳояшон хостаанд, ки вориди Кобул шаванд ва вазъиятро таҳти контрол бигиранд.
Ба иттилои BBC Dari Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, азбаски нирӯҳои амниятӣ қисматҳои шаҳри Кобул ва гузаргоҳҳои онҳоро тарк кардаанд, нирӯҳои Толибон барои пешгирии бесарусомонӣ ва ғорат ба ин минтақа ворид мешаванд.
Толибон дар ин баёния аз мардум даъват кардаанд, ки аз Толибон натарсанд ва ҳарос надошта бошанд.
Ашраф Ғанӣ раисҷумуҳури Афғонистон, имрӯз бидуни эълони истеъфояш Афғонистонро тарк кард. Як манбаъ аз Арки Кобул ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Ғанӣ аввал ба Тоҷикистон ва сипас ба кишвари сеюм рафт.
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Более 30 человек осуждены по обвинению в попытке теракта накануне Навруза-2024 в Вахдате
Вице-президент США пригрозил отправить американских военных в Украину в случае провала переговоров с Москвой
Госдолг Таджикистана снизился до уровня 15-летней давности
Госбюджет Таджикистана в 2024 году лишился 27% внутренних налогов из-за льгот
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста