“Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) мегӯянд, музокироташон бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба натиҷа нарасидааст ва ҳоло нерӯҳои онҳо дар атрофи ин вилоят қарор доранд. Дар ин бора, раиси Комиссияи даъват ва иршоди Толибон Амирхони Муттақӣ дар як навори савтӣ суҳбат кардааст.
Бино ба гузориши “Тулуънеюс” бо вуҷуди ин, Мутаққӣ ба ҳалли мусолитамомези ин мавзуъ бо Панҷшер изҳори умедворӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки “Толибон” эълон карданд, ки то ду рӯзи дигар ҳукумати нави худро эълон мекунанд ва дар ин ҳукумат мақомоти аршади давлати пештара вуҷуд надоранд.
Эътирофи гуфтугӯи бентиҷа аз сӯи Толибон дар ҳолест, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои ҳукумати Ашраф Ғанӣ гуфтааст, охирин гузинае, ки дар Афғонистон мемонад, ин таҷзияи кишвар хоҳад буд, гузориш медиҳад “Тулуънеюс”
- Умед аст, Толибон бо пойи худ теша назананд, - гуфтааст Муҳаммадӣ.
Зоҳиран ин суханҳоро Бисмиллоҳ пас аз бенатиҷа анҷомидани гуфтугӯҳои “Толибон” бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер гуфтааст.
Амирхони Мутаққӣ дар навори садоии ёдшуда, ҳамчунин аз мардуми Панҷшер хостааст, ки нагузоранд, онҳое ки ҷанг мехоҳанд қаламравӣ ин вилоятро ноором созанд.
Ӯ аз мардуми ин вилоят даъват кардааст, ки бо гурӯҳи “Толибон” бивайванданд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки ҷанг дар Даҳани Панҷшер ва ағбаи Ховок ҷараён дорад ва “Толибон”мехоҳанд аз ин ду мавзеъ вориди Панҷшер шаванд.
Дар ҳоли ҳозир Панҷшер ягон вилоят ва минтақае дар Афғонистон аст, ки таҳти контроли Толибон нест.
Ҷабҳаи муқовиматро дар Панҷшер Аҳмад Масъуд раҳбарӣ мекунад, рӯзи 22 август ӯ эълом дошт, ки вилоятро ба дасти Толибон намесупорад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста