Дар майдони асосии шаҳри Ҳирот толибон чор ҷасади мардонро овезон карданд. Онҳоро ба воситаи кранҳои борбардор овезон кардаанд.
Тавре хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад, ин мардонро дар одамрабоӣ муттаҳам донистаанд.
Як сокини маҳаллӣ, корманди дорухона гуфтааст, толибон чор ҷасадро ба майдон оварда, як ҷасадро дар марказ овехтаанд ва се ҷасади дигарро барои ба маърази ом гузоштан ба дигар қисматҳои шаҳр бурдаанд, хабар медиҳад Associated Press.
Ба қавли як шоҳиди ҳодиса, дар майдон толибон эълон кардаанд, ки ҳамаи чор нафари кушташуда барои гӯё одамрабоӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир ва кушта шудаанд.
Сардори пулиси аз ҷониби Толибон таъиншудаи ноҳия изҳор доштааст, ки толибон падару писарро, ки гӯё чор нафар пас аз тирпаронӣ рабуда бошанд, наҷот додаанд. Ба гуфтаи ӯ, узви Толибон ва як шаҳрванди мулкӣ аз ҷониби одамрабоён захмӣ шудаанд.
Муовини волии Ҳирот зикр кардааст, ки ҷангиёни Толибон одамрабоёни эҳтимолиро пайгирӣ ва куштаанд.
“Ҷасадҳои онҳоро дар майдонҳои Ҳирот овезон кардем, то ки ба дигар одамрабоён дарси ибрат шавад”, - иброз доштааст ӯ.
Расонаи Aamaj News-и Афғонистон навори мошинҳоеро бо кранҳои борбардор нашр кардааст, ки дар онҳо ҷасади кушташудагон овезон аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.