Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки дар дидор бо Тим Ҷонс, сафири нави Бритониё дар Тоҷикистон дар робита ба вазъияти ҷорӣ ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон гуфтугӯ намудааст.
Ағбар ба нақл аз Тим Ҷонс гуфтааст, ки кишварҳо дар нишасти гуруҳи "G20" дар бораи машруъият ва расмият бахшидани Толибон баҳс хоҳанд кард.
"Кӯмакҳои башардӯстонаи мо ба мардуми Афғонистон идома дорад ва талоши мо бештар ба даст ёфтан ба сулҳу субот ва як ҳукумати фарогир барои Афғонистон аст", - изҳор доштааст Тим Ҷонс зимни суҳбат.
Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо сафири Бритониё гуфтааст, ки ҳанӯз аксари раҳбарони Толибон дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милал сабт аст ва онҳо бо шабакаҳои ҳаросафканӣ амалан ҳамкорӣ доранд.
Дар поён Ағбар ба расмият шинохтани Толибонро маънои машруъият додан ба гурӯҳҳои ҳаросафкан дониста, навиштааст, ки тамоми силоҳи низомӣ дар ихтиёри як гурӯҳи ҳаросафканӣ аст, ки бидуни шак, хатаре барои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
«Азия-Плюс» начала применять технологии ИИ при создании медиаконтента
Размер утилизационного сбора может быть пересмотрен – Таможенная служба Таджикистана
Как таджикская легенда развивает футбольный клуб из Пенджикента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста