Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири раисҷумҳури пешини Афғонистон дар сафҳаи Фейсбукии худ аз ҷон бохтани ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ дар ғарби Кобул хабар дода, гуфтааст, "барои гурӯҳе, ки худро ҳоким ва ҳукумат медонанд ҷои хиҷолат ва нанг аст".
"Вафоти 8 кӯдак аз фарти гуруснагӣ дар ғарби Кобул дар пойтахти Афғонистон дар сояи салтаи касоне, ки ҳокимияташонро исломӣ медонанд, басе ҷои хиҷолат ва нанг аст".- гуфтааст Муҳаққиқ.
Муҳаққиқ дар идома навиштааст, ҳодисае, ки бояд дунёро такон медод, вале аз ин ки вафотёфтагон шиъа ва аз ҷомеаи ҳазора дар минтақаи ҳазоранишин аст, на танҳо дунёро такон надод, балки ҳокимони феълии Кобулро, ки вазифаашон таъмини маишат ва амнияти он мардум аст, ҳам ба таҳрик ва ҳам аксуламал водор накард.
Вай ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан кишварҳои исломӣ ва масъулони кумакрасони байнулмилалӣ ҳушдор додааст, ки "мардуми Афғонистонро, ки ба асари бетадбирӣ ва зулму ситами ҳокимони ҷадид 90 дарсадашон зери хати фақр рафтаанд, ба таври мустақим кӯмак кунанд ва нагузоранд, ки фақру гуруснагӣ мардумро дучори фоҷиаи инсонӣ кунанд".
"Ҳокимияти Толибон на танҳо дар фикри таъмини кор ва амният барои мардум нестанд, балки худашон кор ва амниятро аз мардум гирифтаанд ва коркунони онҳою ғизои шабонарӯзии худро болои мардуми бечора ва гурусна ҳавола мекунанд",- навиштааст Муҳаммади Муҳаққиқ.
Ёдовар мешавем, ки Созмони миллал аз эҳтимоли фоҷиаи инсонӣ дар Афғонистон хабар дода буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Навруз на Памире: здесь точно знают, как изгнать духов и исполнить мечту
Еще один футболист из Таджикистана переехал в Беларусь
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Как аденоиды могут вызвать ночное недержание у детей
В Узбекистане построят заводы по переработке мусора в электроэнергию
Дональд Трамп допустил, что Россия затягивает подписание соглашения о прекращении огня
В Таджикистане создают «Фонд распределения выгод» от продажи электричества Рогунской ГЭС
В Турции продолжаются протесты после ареста Экрема Имамоглу. ВВС рассказывает, как мэр Стамбула стал лидером оппозиции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста