Муовини роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон” мулло Абдул Ғанӣ Бародар аз Ӯзбекистон даъват кардааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳо (лётчикҳо)-и афғон пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба ин кишварҳо овардаанд, баргардонанд. Дар ин бора Афганистан.ру хабар медиҳад.
Қобили зикр аст, ки 1 декабр як ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии намояндаи махсус Исматулло Эргашев аз Кобул боздид намуда, бо раҳбарияти “Толибон” дидору гуфтушунид кард.
Қаблан зикр гардида буд, ки халабонҳои афғон 25%-и техникаи авиатсионии кишварро рабуда, ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон овардаанд.
Ҳамаи онҳо Афғонистонро дар соатҳои охири тасарруфи ҳокимият аз ҷониби толибон тарк карданд. 46 ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои Мазори Шариф ва Кобул парвоз карданд.
Баъдан намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов хабар дод, ки 12-13 сентябр ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон, ки барои аз толибон паноҳ ёфтан гурехтаву дар ин кишвар қарор доштанд, ба давлати дигар интиқол дода шуданд.
Ҳудуди 150 халабони Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон, ки дар ИМА паноҳ бурданӣ буданд, муддати зиёда аз ду моҳ дар яке аз осоишгоҳҳои канори Душанбе иқомат доштанд.
Нимаи моҳи август Радиои Озодӣ хабар дод, ки 143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон поин омадаанд. Рӯзи 1 сентябр онҳоро ба осоишгоҳ (санатория)-е дар канори Душанбе бурданд.
Шаби 9 ба 10 ноябр, тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, халабонҳои афғон аз Тоҷикистон ба дигар кишвар бурда шуданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.