Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолае ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ки ҳамасола дар Эрон дар ҷумъаи охири моҳи рамазон таҷлил мешавад, гуфтааст, ки ҳимояти кишвараш аз мардуми таҳти зулму ситамдидаи Фаластин як сиёсати кӯтоҳмуддату ва тактикӣ нест ва ин амр натанҳо реша дар эътиқодоти динӣ дорад, балки аз ҳама муҳиммтар вазифае инсонӣ ва башардӯстонадорад.
Ба тъкиди ин дипломати эронӣ бунёди ин ҳимоят ба фитрату зоти ҳар инсони озода аз ҳар дину нижод боз мегардад.
Собирӣ навиштааст, ки ҳадди ақал се омили аслӣ боис шуда, то Қудси шариф, аввалин қиблаи мусулмонон ба унвони муҳиммтарин масъалаи ҷаҳони ислом дар садр қарор гирад:
- нахуст, моҳияти сарзамини Фаластин, тақаддус (покӣ) ва ҷойгоҳи он назди пайравони дини ислом;
- дувум, моҳияти душмани саҳюнистӣ ва иддаоҳои мазҳабиву таърихӣ ва рӯҳияи тавсеаталбона ва ишғолгарии он (талош барои моликият бар сарзамини Фаластин ва маконҳои муқаддаси исломӣ);
- севум, моҳияти иттиҳоди ғарбӣ-саҳюнистӣ, ки ба думболи тафриқа ва дудастагӣ миёни кишварҳои исломӣ ва заъиф намудани онҳо аст, то ҳамчунон вобаста ба қудратҳои бузург боқӣ бимонанд.
Ба навиштаи сафири Эрон дар Тоҷикистон "тай 7 даҳаи гузашта Фаластин ҷиноёти бешумореро аз қатли ом, поксозии қавмӣ, тағйири бофти ҷамъият, шиканҷаи низомманд, қатли худсарона, боздошт ва тамоми шаклҳои ҷиноёти ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башариятро дар ҳоле таҳаммул кардааст, ки ин масъала ба равиш ва шеваи амали Исроил аз ибтидои ишғоли Фаластин табдил шудааст".
Дар идомати матлаби худ Собирӣ ба зикри ба иқдомоте алайҳи фаластиниён ишора кардааст, ки аз назари ӯ "ҷунуномезанд" ва ӯ ин иқдомотро мухолиф ба қонунҳо ва тавофуқномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Муоҳадаи Гаага Гаага ва Муоҳадаи чаҳоруми Женева донистааст.
"Дар солҳои ахир, режими апартеид ва ишғолгари саҳюнистӣ иқдомоти ҷунуномези худро алайҳи фаластиниён шиддат бахшидааст. Аз ҷумлаи ин иқдомот метавон ба «танбеҳоти даста ҷамъӣ», ки муҳиммтарин омили нақзи «асли таъйини сарнавишт» тавассути фаластиниён аст, муҳосираи Ғазза, такмили девори ҳоил (буферӣ), хориҷ ва кӯчондании маҷбурии фаластиниён аз ватани аслиашон ва дар муқобил даъвату ҷойгиркунии исроилиҳо ба минтақаҳои ҳосилхез, террори фармондеҳону муҷоҳидини фаластинӣ ва дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ, нобудии заминҳои кишоварзӣ дар навори Ғазза, иҷрои тарҳи яҳудисозии Қудс бо идомаи шаҳраксозиҳо, хароб кардани манзилҳои фаластиниҳо, афзоиши ҳузуру назорати низомӣ-амниятӣ бар шарқи Байтулмуқаддас, манъи рафту омади шаҳрвандони фаластинии сокини Қудс ва ботил кардани корти шиносоии эшон ва бекор кардани иҷозатномаи иқомати доими фаластиниҳои сокин дар Қудс, ки дар ихтилоф бо қонунҳо ва тавофуқномаҳои байналамилалӣ, ба вежа модаи 43 Муоҳадаи Гаага Гаага ва Муоҳадаи чаҳоруми Женева аст, тасвиби қонуни «давлат-миллати қавми яҳуд» дар Кнесети режими саҳюнистӣ дар соли 2018; Ривоҷи шаҳракнишинӣ ба унвони «арзиши миллӣ» дар Исроил; Ҷудосозии фаластиниёни каронаи Бохтарӣ ва Ғазза; Ва яҳудисозии Қудс, Ҷулон ва Нақб, муҳокимаи фаластиниён дар додгоҳҳои низомӣ ва ғайра аст", -таъкид кардааст сафири Эрон.
Собирӣ ишора кардааст, ки аз соли 1967 мелодӣ то кунун беш аз як миллион фаластинӣ масъалаи талхи боздоштро таҷриба кардаанд.
"Режими Исроил бояд ба хотири нақзи ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстона дар сарзамини ишғолии Фаластин посухгӯ бошад. Чунин ҷиноёте набояд бидуни муҷозот бимонад. Ҳалли буҳрони Фаластин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластини ишғолӣ ба таври комил ба расмият шинохта шуда, эҳё ва барқарор шавад".
Дар идомаи матлабаш Муҳаммадтақии Собирӣ вобаста ба қонунҳои байналмилалӣ ба масъалаи ҳимояти мардуми Фаластин аз ҳуқуқи худ ва пуштибонии Эрон аз он пардохтааст.
Аз ҷумла ӯ навиштааст, ки миллати Фаластин дар чорчӯби қонунҳои байналмилал ба ҳаққи машрӯъи худ дар мубориза бо режими ишғолгар амал мекунад ва ҳамвора нишон дода, ки ба рағми ҷиноёти ваҳшиёнаи душмани саҳюнистӣ алайҳи занону кӯдакони фаластинӣ ва ҳатто қатли омми комили бархе хонаводаҳо дар Ғазза, аз ҳадаф қарор додани ғайринизомиён даст намекашад.
"Ҷиноят алайҳи башарият ва озору азият бино ба таърифи асосномаи Рим ва Ҳуқуқи байналмилал анъанавӣ, шомили маҳрумияти шадид аз ҳуқуқи асосӣ барои як гурӯҳи нажодӣ, қавмӣ, ё ғайра бо аҳдофи табъизомез аст. Аносири ин ҷиноёт ба унвони бахше аз як сиёсати воҳиди режими Исроил дар заминҳои ишғолӣ ҳузур доранд. Ин сиёсат дар ростои идомаи султаи саҳюнист бар фаластиниён дар саросари заминҳои ишғолӣ аст. Ин сиёсат дар ин заминҳои бо саркӯби систиматикӣ ва иқдомоти ғайри инсонӣ алайҳи фаластиниҳои сокини ин манотиқ ҳамроҳ шудааст",-таъкид мекунад дипломати эронӣ.
Дар ниҳояти навиштаи худ Муҳаммадтақии Собирӣ аз тарҳи кишвараш барои ҳалли буҳрони Фаластин ёд мекунад ва онро тарҳе демкоратӣ ва одилона мехонад: "Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои ҳалу фасли буҳрони Фаластин тарҳе демократӣ ва одилона таҳти унвони «Баргузории ҳамапурсии миллӣ дар Фаластин» пешниҳод дода, ки дар дабирхонаи Созмони Милал низ ба сабт расидааст"
- Ба эътиқоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини аслии худ ва баргузории ҳамапурсӣ дар миёни мардумони асили ин сарзамин барои таъйин сарнавишт ва навъи низоми сиёсии мавриди назар, муассиртарин роҳкор барои ҳали ин муноқиша аст. Бар асоси ин тарҳ, мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиёни Фаластиниуласл қодир хоҳанд буд навъи низоми қонунии ҳоким бар хешро баргузида ва ба сурати озод ва баробар аз ҳуқуқи он баҳраманд гарданд. Тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси усули демократӣ ва ҳуқуқи байналамилал омода ва пешниҳод шудааст. Ин тарҳ ҷойгузини муносибе дар баробари тарҳҳои шикастхӯрдаи қаблӣ хоҳад буд,-гуфтааст Собирӣ.
Собирӣ ҳамчунин гуфтааст, ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ёдгори Имом Хумайнӣ-бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Эшон дар рӯзи 7 августи соли 1979, ки баробар бо 16 мурдоди 1358, ё 23 рамазони 1399 ҳиҷрии қамарӣ буд ва бо аз сар гирифтани ҳамлаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон ҳамзамон шуда буд, паёме дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва ормони Қудси шариф содир карданд ва охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазонро рӯзи ҷаҳонии Қудс ном ниҳоданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста