Мавлавӣ Шарофуддин Муслим, муовини вазорати давлати Толибон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки 920 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз дар чандин вилояти Афғонистон ҷон бохта ва беш аз 610 нафар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, телеграмканали @lentadnya хабар медиҳад, ки беш аз 1120 нафар аллакай фавтидаанд.
Шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод. Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.
Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.
Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо гуфтаанд, ки вазъиятро зери назар доранд ва дар ҳоли баррасии ниёзҳо ва омодаи ҳамоҳангии кӯмак ҳастанд.
Этнический состав Центральной Азии: где самое большое разнообразие?
Авиатопливо в Казахстане оказалось дороже, чем в России
Международный банк Таджикистана стал партнером Федерации футбола республики
Россия и США обсудили конфликт в Украине. О чем договорились главы МИД двух стран в Эр-Рияде?
Непобедимый таджикский боец Сарвар Хамидов поборется за $500 тысяч в PFL
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 февраля 2025 года
«Пересмотрите и отпустите». Адвокаты Шокирджона и Рухшоны Хакимовых обжаловали приговор Верховного суда
В Узбекистане на тысячу выросло число предприятий с китайским капиталом
Действительно ли в Казахстане конный спорт дорогостоящий?
Что на самом деле портит облик Душанбе? Спросили об этом у жителей столицы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста