Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанде пештар ба Аврупо сафар кард ва дар мулоқоти чеҳраҳои саршиноси арсаи сиёсати Афғонистон, ки бо ғасби қудрат дар Кобул аз ҷониби Толибон* тарки кишвар кардаву ҳадафи таъсиси эътилофи мухолифонро доранд, иштирок намуд. Мулоқоти мазкур аввалин нишасти мухолифони Толибон аст, ки дар аврупо, пойтахти Австрия, шаҳри Вена баргузор гардид.

Дар доираи ин сафар, Аҳмад Масъуд бо Анелиз Боржес, хабарнигори шабакаи телевизионии “Euronews” мусоҳибаи ихтисосӣ доир кард, ки он бо каме ихтисор пешкаши хонандагон карда мешавад.

- Пас аз 20 соли ҳузури неруҳои хориҷӣ, Афғонистон бори дигар таҳти султаи Толибон қарор гирифт. Зиндагии шахсии шумо низ ба ҳам рехт ва Панҷшер ҳам дар ихтиёри Толибон қарор гирифт. Аз 15 август 2021, ки оғози ин тағйирот буд, чӣ ба хотир доред?

- Ман дар Кобул будам ва то охирин лаҳзаи мумкин ҳам дар онҷо мондам. Ман ва бисёре аз мардуме, ки дар Кобул буданд, ба интиқоли мусоламатомези қудрат умедвор будем. Интиқоли осоиштаи  қудрат аз ҷумҳурии Афғонистон ба як давлати муваққат, ки фурсати сулҳ ва гуфтугӯ ва шояд ҳам баргузории як интихоботи дигар ё ташкили давлати ҷадидро бо лиҳози саҳми воқеии Толибон фароҳам кунад. Аммо мутаасифона, фурӯпошии ҳукумат, нақшакашии нодуруст ва нияти Толибон барои ҳалли ғайримусолиматомези масоил аз тариқи даст бурдан ба аслиҳа, ба бурузи он фоҷиа хатм шуд.


- То он ҷойе, ки ман медонам, шумо шабеҳи падаратон саъй кардед бо Толибон музокира кунед ва онҳо ҳам самтеро дар давлати худ ба шумо пешниҳод карданд. Имкон дорад, дар ин маврид бештар тавзеҳ бидиҳед?

- Вақте ман ба дараи Панҷшер рафтам, Толибон ҳамон гуна, ки интизор мерафт, дарҳол алайҳи Ашраф Ғанӣ таблиғотро оғоз карданд. Меҳвари таблиғоти манфии онҳо ин буд, ки Ғанӣ сулҳталаб набуд. Албатта тамоми гурӯҳҳои мухолифи Ғанӣ аз ҷумла, мо аз шеваи ҳукуматдории ӯ розӣ набудем ва мутмаин будем, ки он равиш дар ниҳоят ба фурӯпошӣ мунтаҳӣ мешавад. Он замон ба ин фикр афтодам, ки шояд воқеан тақсири Ғанӣ буда, ки музокироти сулҳ натиҷа надодааст. Пас ҳоло, ки фурсате пеш омада буд, ки битавонам намояндаи мардумам бошам, масири гуфтугӯ ва музокираро думбол кардам. Ибтидо талош кардам аз уламои Афғонистон ба унвони миёнҷии гуфтугӯ бо Толибон, ки мудом аз шариат ва ислом дам мезананд, баҳра бибарам, вале бенатиҷа буд. Баъд як ҳайати сиёсиро барои музокира бо онҳо эъзом кардам, ки мавриди пазириш онҳо воқеъ нашуд. Дар ниҳоят, худам ба таври мустақим вориди амал шудам. Бо афроди мухталифи Толибон сӯҳбат кардам, то шояд битавонам роҳе барои таваққуфи хушунатҳо ва оғози сулҳ пайдо кунам.

- Бо чӣ касоне музокира кардед? Албатта агар қобили ифшост.

- Ман бо оқоён Муттақӣ (Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа), Шаҳобуддин Диловар (сарпарасти вазорат маъодин ва нафт), Ғиёс, Анас Ҳаққонӣ (аз аъзои аршади Толибон) ва Халил Ҳаққонӣ (сарпарасти вазорати умури муҳоҷирон) сӯҳбат кардам. Ба бовари ман дар даруни Толибон дудастагӣ вуҷуд дорад, бинобар ин баъзан, ки бо як тараф сӯҳбат мекардам, мегуфтанд: «на, мо ин гуна, ки мегӯӣ нестем, манзури ту гурӯҳи дигаре аст», замоне ҳам, ки ман бо тарафи дигар сӯҳбат мекардам, мегуфтанд: «он гурӯҳе, ки аҳли ҷанг аст, мо нестем.» Мутаассифона, ин нифоқ ҳамеша дар дарун онҳо будааст.

- Чанд рӯз пас аз суқути Кобул, шумо аз Панҷшер барои Вашингтон пост навиштед: «Ман ҳозирам роҳи падарамро думбол кунам... Мо муҷоҳидон омодаем то бори дигар бо Толибон муқобила кунем ... Мо анборҳои муҳиммот ва аслиҳаҳое дорем, ки ҷамъоварии онҳоро аз замони падарам оғоз кардаем...» Ҷойгоҳи муқовимат, алъон, ки дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем, куҷост?

- Муқовимат чизе аст, ки Толибон мудом онро инкор мекунанд... Вале воқеият ин аст, ки мо тавонистем онҳоро асир кунем, ҳатто тавонистем бологардҳои онҳоро соқит кунем, тавонистем аз зимистонҳои сахти Ҳиндукуш ҷони солим ба дар бибарем. Бидуни ҳеҷ кӯмаки хориҷӣ зинда мондем.

- Оё ҷомеаи байнулмилалӣ ба хости шумо бетаваҷҷӯҳ аст ё ин вазъият интихоби худи шумост?

- Ҳеҷ ақли салиме намегӯяд, ки мо ба чизе ниёз надорем, албатта, ки мо ба кӯмак ва ҳимоят ниёз дорем, аммо масъала ин аст, ки ман ҳанӯз қавию мӯътақидам, ки бояд ҳама даври ҳам ҷамъ шавем. Яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канори тамоми нухбагони афғон, ки аз вазъияти кунунӣ розӣ нестанд, бояд роҳе барои ояндаи Афғонистон биёбанд.

- Шумо дар мавриди хатароти бозгашти Толибон ҳушдор додаед, аз ҷумла ин, ки Ал-қоида* дар кишвари шумо фаъол аст ва эҳтимолан гурӯҳҳои дигаре ҳам дар Афғонистон зери сояи Толибон паноҳ мегиранд. Ба назари шумо, чаро дунё ба ин ҳарфҳо гӯш намедиҳад ва касе коре намекунад?

- Ман фикр мекунам ду далел барои он вуҷуд дорад: мо дар дунёи шабеҳи соли 2001 зиндагӣ намекунем. Мардум ҳам бар хилофи қадим дурандеш нестанд.

Дар он замон насле, ки ба таҷриба ё даврони пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум наздиктар буд, аҳамияти мубориза барои озодӣ ва демократияро дарк мекард. Озодӣ ва демократияро хасисаи зотии дунёи модерн намедонистанд. Балки баҳои хунҳои рехташуда медонистанд. Ба ҳамин далел, ҷаҳон дар ҷараёни таҳоҷуми Шӯравӣ дар канори мардуми Афғонистон истода буд. Ҷаҳон дар мубориза бо терроризм низ дар канори Афғонистон истод.

Аммо 20 сол гузашта ва ба эътиқоди ман, мо насли ҷадид ҳамаи чизро бидеҳӣ -фарз кардем. Чунонки дар давраи ҷадид тағйироти каме дар Аврупо ба вуҷуд омад. Пас арзиши зиндагӣ, демократия ва озодӣ, ки аз дил фидокориҳои бисёр ҳосил шуда буд, фаромӯш шуд. Ман солҳо дар Аврупо зиндагӣ кардаам ва вуҷуди ин тарз талаққӣ аз наздикро дар миёни ҷавонон таҷриба кардаам.

Афзун бар ин, дунё дар 20 соли гузашта тамоми талоши худро барои муваффақият дар Афғонистон кард, вале дар ниҳоят шикаст хӯрд. Пас акнун фикр мекунад, ки дигар ҳеҷ умеди нест. Аммо ҳанӯз метавон Афғонистонро наҷот дод, вале на барои муддати тӯлонӣ.

- Чӣ гуна метавон Афғонистонро наҷот дод? Наҷоти кишваратон ба чӣ пешшартҳое ниёз дорад?

- Ман мӯътақидам, ки ҷаҳон бояд маҳкам дар баробари Толибон ва хостаҳои онҳо биистад. Ҷаҳон на ба унвони так-таки кишварҳо, балки ба унвони як ҷамъи муттаҳид ва воҳид бояд бо Толибон мувоҷеҳ шавад ва афзун бар он, бо ҳама тарафҳо ва аҳзоби Афғонистон таомул дошта бошад то ба як роҳи ҳалли воқеӣ барои Афғонистон бирасад. Роҳи ҳалли сиёсӣ ё даврае, ки бо эҷоди машрӯъияти лозим шароити кишварро барои барқарории як ҳукумати қонунӣ омода кунад.

Падарам вақте дар соли 2001 ба Франса омад, бар лузуми ҳимоят аз давлати он замони Афғонистон ва мубориза бо терроризм бидуни ҳузури неруҳои байнулмилалӣ ба шиддат таъкид кард, зеро медонист, ҳузури неруҳои байнулмилалӣ Афғонистонро ба саҳнаи набард табдил мекунад. Ҳамчунин, заминае барои рақобати қудратҳои бузург мегардад. Аммо акнун ҳузури неруҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон ба сифр расида ва фурсати талош барои тағйир фароҳам шудааст. Дар миёни мардум ҳам насли ҷадид ва ба вежа занон хостори идомаи вазъи мавҷуд нестанд. Бинобар ин, мо пирӯз хоҳем шуд, муваффақ хоҳем шуд, аммо акнун ва пеш аз он ки хеле дер шавад, ба таваҷҷуҳ ва ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз дорем.

- Шумо ба падартон ишора кардед, ки намоде хориқулода аз мубориза барои арзишҳои муштарак бо Ғарб аст. Фикр мекунед, агар падартон зинда буд, авзоъ фарқ мекард?

- Комилан. Агар ӯ алъон ва бо тавоноӣ ва зарфияте, ки ба вежа дар авохири даврони ҳаёт аз онҳо бархӯрдор буд, яъне бо он машрӯъият ва нубуғи низомие, ки дошт, зинда буд, вазъ куллан дигар мебуд. Дар охирин соли зиндагии худ падарам мутмаин буд, ки аз назари низомӣ шикаст нахоҳад хӯрд. Ба ҳамин далел аст, ки сафари ӯ ба Аврупо бо ҳадафи оғози як марҳала ва давраи ҷадид анҷом шуд, то ҳама тарафҳо барои ташкили як давлати ҷадид дар Афғонистон гирди ҳам оянд. Чун ӯ намехост, ки Кобулро тасарруф ва ҳукумати худро барқарор кунад. Ӯ илова бар гурӯҳҳои дохилӣ асосан хостори ташкили давлате бо ҷалби ризоият ва хости тамоми диаспораи Афғонистон (ҷомеаи муҳоҷирони хориҷ аз Афғонистон) буд. Ин коре буд, ки ӯ анҷом медод ва метавонист онро ба саранҷом бирасонад, ҳамон тавр ки ман ҳам ин роҳро меписандам, аммо Толибон ва Ал-қоида медонистанд, дигарон ҳам медонистанд, ки агар ӯ зинда буд, онҳо дигар маҳв мешуданд.


- Аҳмадшоҳ Масъуд чӣ гуна падаре буд? Аз ӯ чӣ хотирае доред?

- Ман хеле чизҳоро аз ӯ ба ёд дорам. Меҳрубонии ӯро ба ёд меоварам, ёдам меояд, ки муаллими бисёр сахтгир буд ва ба ман ҳунар, шеър ва адабиёт ёд медод. Ӯ адабиёти форсиро дӯст дошт, ашъори сӯфиёнаро дӯст медошт ва марде бисёр қавӣ буд. Вақте канори падарам будӣ эҳсоси оромиш мекардӣ ва бо худ мегуфтӣ: “ӯ инҷост, пас ҳеҷ иттифоқе намеафтад”. Ёдам меояд дар он рӯзгори бисёр сахт, ки Панҷшер комилан дар муҳосираи Толибон буд ва ҳар лаҳза барои тасарруфи он талош мекарданд, мардуми Панҷшер хушҳол ва хандон буданд ва вақте мепурсидӣ чаро, мегуфтанд: “ӯ инҷост ва мушкилро ҳал хоҳад кард”. Чун фикр мекарданд, ки агар ӯ тавонист русҳоро шикаст диҳад, пас ба зудӣ метавонад ин ҳама фишорро рафъ кунад. Ӯ интур буд. Ӯ чароғи умед буд. Ӯ чароғи ишқ буд ва бисёр меҳрубон ва бисёр мӯътадил...

- Вақте падаратонро аз даст додед, шумо 12-сола будед, хонаводаи шумо мутаҳаммили ранҷ ва азоби шадиде шуд... Чаро ҳанӯз ин роҳро идома медиҳед? Оё Афғонистон ҳанӯз арзиши ҷангиданро дорад?

- Пеш аз ин гуфтугӯ ба мавзӯе дар мавриди сафаратон ба Афғонистон ишора кардед ва гуфтед, ки хеле зуд ошиқи Афғонистон шудед. Ман аз онҷо омадаам ва мутааллиқ ба сарзамине ҳастам, ки бархе онро нафариншуда медонанд, вале ман аз ин, ки дар он кишвар ва дар миёни он мардум ба дунё омадаам, амиқан эҳсоси хушбахтӣ мекунам. Мардуме, ки ба бовари ман арзиши онро доранд, ки инсон ҷонашро фидои онҳо кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.