Қарори манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистон, ки ду рӯз қабл, 20-уми декабр, аз ҷониби роҳбарияти Толибон* гирифта шуд, вокуниши чеҳраҳои шинохтаи на танҳо Афғонистон, балки ҷаҳонро ба миён овард, аммо ин вокунишҳову даъватҳо ҳам то ҳол натавонистааст роҳбарони ин гуруҳи ҷангҷӯро аз роҳ боздорад.
Аҳмад Масъуд: Мактабро ба хонаҳоятон кӯчонед
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вокуниш ба манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳ дар Афғонистон, ки ду рӯз пеш роҳбарияти Толибон ҷорӣ намуд, аз мардум хост, хонаҳояшонро ба мактаб мубаддал кунанд.
Имрӯз, 22-юми декабр, ӯ дар Твиттер навишт, ки “дарвозаи мактаб ва донишгоҳро мешавад баст, аммо дарвозаи илм ва донишро ҳаргиз”.
Аҳмад Масъуд аз мардуми кишвараш хост, ки маътал накунанд ва мактабро ба хонаҳояшон бибаранд, мутафовит биандешанд ва мутафовит мубориза кунанд.
Ашраф Ғанӣ: Апортоеди ҷинсӣ дар қарни 21
Ашраф Ғанӣ: Толибон ба шеваи ғайри мардумсолорона ҳоким шуданд ва мардумро гаравгон гирифтаанд
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон дар вокуниш ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯйи духтарон гуфтааст, ки “мушкили аслӣ ин аст, ки Толибон* машрӯъият надоранд, Афғонистонро ишғол карда ва мардумро гаравгон гирифтаанд”.
Ба иттилои пойгоҳи Аamajnews Ашраф Ғанӣ гуфтааст, бори масъулияти ин буҳрон натанҳо бар Толибон, балки бар афрод ва ниҳодҳое аст, ки фикр мекарданд Толибон тағйир кардаанд.
Ӯ дар ёдоште нигоштааст: “Бадбахтона, мушкили кунунии омӯзиш ва кор барои занон дар Афғонистон бисёр ҷиддӣ, таасуфбор ва нишонаи возеҳ аз апортоеди ҷинсӣ дар қарни 21 аст”.
Раисҷумҳури фирории Афғонистон илова кардааст, ки Толибон ба шеваи ғайри мардумсолорӣ ҳокиманд.
“Ҳоло замони он расидааст, ки Толибон ва мубаллиғони онҳо ҷузъиёти норӯшани тавофуқномаи Давҳаро бо миллат шарик созанд”, - гуфтааст Ғанӣ.
Гулбиддин Ҳикматёр ҳам танқид кард
Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва яке аз нафароне, ки ошкоро аз сиёсати Толибон ҳимоят мекунад, низ аз тасмими ин гурӯҳ дар хусуси манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо интиқод кард ва онро шармовар хонд.
Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи чаҳоршанбе, 21-уми декабр, дар Твиттер навишт, “Толибон тасмиме гирифтаанд, ки худи онҳо низ аз тавҷеҳи ин амалшон оҷизанд”.
Ӯ гуфтааст, ки Толибон дар ҳар арса бояд ба гунае кор кунанд, ки иддаоҳо дар робита ба нотавонии чеҳраҳои мазҳабӣ дар ҳукуматдорӣ мардуд дониста шаванд.
Ҳикматёр таъкид кардааст, ки ҳанӯз ҳам фурсат вуҷуд дорад, то авлавиятҳо дарк шуда ва аз ин гуна тасмимҳои «беҳуда ва ҳалоккунанда» худдорӣ карда шавад.
Қабл аз ин, чаҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ низ аз ин тасмими Толибон тунд интиқод карда, онро хатарнок барои ояндаи Афғонистон унвон карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама вокуниши ҷомеаи ҷаҳон ва чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон дар робита ба тасмими Толибон оид ба манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо аст, ки ду рӯз қабл аз ҷониби роҳбарияти ин гуруҳи ҷангҷӯ гирифта шуд.
Вазорати таҳсилоти олии Толибон рӯзи сешанбе, 20-уми декабр, бар асоси хулосаи девони вазирон ва дастури Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Афғонистон аз манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ хабар дод.
Нидомуҳаммад Надим дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки “мактаб рафтани духтарон фарҳанги ғарбӣ аст, ки тавассути Амонуллоҳхон вориди Афғонистон шудааст”. Ӯ ҳамчунин рафтани духтарон ба мактабро нусхаи “айёшӣ ва фаҳҳошӣ” хонд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста