Расонаҳои маҳаллӣ аз шиддат гирифтани даргириҳо миёни Толибон* ва неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Андаробҳои вилояти Бағлон хабар медиҳанд.
Ба иттилои манобеъ, даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳа аз шаби гузашта, 26-уми декабри соли 2022, то ҳол дар рустоҳои Тағонак, Хаҷ ва Боғдараи Андаробҳои вилояти Бағлон ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо ҳар ду тараф талафот додаанд, аммо рақами дақиқи он маълум нест.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шаби 26-уми декабр дар баёнияе дар Фейсбук навиштааст, ки шуморе аз афроди Ҷабҳа, аз ҷумла чанд фармондеҳро дар роҳи дифоъ аз озодӣ аз даст доданд. Аҳмад Масъуд дар идома гуфтааст, аз мубориза даст намекашанд ва роҳи онҳо идома меёбад.
Дар ҳамин ҳол, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар сафҳаи файсбукиаш аз ақиб задани чандин ҳамлаи Толибон бар посгоҳҳои ин ҷабҳа дар Андаробҳо хабар додааст.
"Аз дирӯз субҳ душман аз се тараф, аз минтақаи Хуҷи шаҳристони Буну, Кундӣ, Камарсафед ва Боғдараи пули ҳисор бо лашкаркашии азим аз замин ва ҳаво ба қароргоҳҳо ва маркази фармондеҳ Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ ҳамла карданд", - навиштааст Аҳмадӣ.
Сухангӯйи Ҷабҳа дар идома навиштааст, ки бо истодагии неруҳои Ҷабҳа ва дар пайи талафоти сангин ҷангҷӯёни Толибон ақиб нишастанд.
Ӯ ҳамчунин тазаккур додааст, ки Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ Андаробӣ ва Ғозӣ Муродӣ, фармондеҳони нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Андаробҳои Бағлон дар пайи ин даргириҳо ба ҳалокат расиданд.
Расонаҳои ҳамчунон менависанд, ки дар ин даргириҳо Толибон низ талафоти сангине додаанд.
Толибон то кунун дар робита ба ин даргириҳо расман чизе нагуфтаанд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин даргирӣ пас аз таваққуфи якмоҳа бо шурӯъи сардӣ дар Андаробҳои Бағлон аст, ки аз рӯзи гузашта ба ин сӯ шиддат гирифтааст.
Куштори қумандони Толибон
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8-и субҳ” менависад, ки қумандони амнияти Толибон дар вилояти Бадахшон дар пайи инфиҷори мошини бомбагузорӣ шуда, кушта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, як мошини бомбгузоршуда субҳи рӯзи душанбе, 26-уми декабр, Абдулҳақ Умар, қумандони амнияи Толибон дар Бадахшонро ҳадаф қарор додааст.
Ин рӯйдод дар наздикии қумандони амнияти Толибон дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, рух додааст.
Дар ин ҳодиса ба шумули қумандони амнияи Толибон дар Бадахшон 3 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Шоҳидони ҳодиса аз кушта шудани ғайринизомиён низ дар ин рӯйдод хабар додаанд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар мавриди ҳамлаи инфиҷорӣ дар Бадахшон гуфта, ки ихтилофоти дохилии Толибон, иллати вуқӯъи ин рӯйдод будааст.
Пеш аз ин низ масъулони маҳаллии Толибон дар Бадахшон дар рӯйдодҳои мушобеҳ кушта ва ё захмӣ шуда буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Поддержка женщин в Узбекистане: Мирзиёев запускает программы занятости и бизнеса
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Война в Иране, эвакуация таджикистанцев и новые штрафы для водителей
Трамп потребовал от Тегерана безоговорочной капитуляции
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 марта 2026 года
Муноджот Усманова: от финансового аналитика до звездного подиума Malta Fashion Show
Я люблю цветы, но у меня аллергия. Какие растения мне могли бы подарить на 8 марта?
«Мы считаем успех Ирана своим успехом, а его неудачу — своей неудачей». Мнения деятелей Таджикистана о войне в Иране
Сколько таджикистанцев и с какой целью ездили в Узбекистан в прошлом году?
Три обязательных милостыни в месяц Рамазан. Объясняем подробно – кому и сколько давать
Хуршед Кахоров подерется за титул Oktagon: шанс стать чемпионом Европы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста