Вазорати маорифи Афғонистон бо нашри як эъломия дар Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш гуфтааст, ки мекӯшад то заминаи омӯзиши меъёриро дар Афғонистон фароҳам созад. Дар ин бора “Тулӯънюз” хабар медиҳад.
Толибон*, ки дар соли 2021 қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтанд, гуфтаанд, ки айни ҳол дар кишвар 19 ҳазор мактаб ва 13 ҳазор мадрасаи динӣ фаъол ҳастанд.
Толибон дар ҳоле аз фароҳам сохтани заминаи омӯзиши меъёрӣ сухан мегӯянд, ки беш аз 18 моҳ мешавад духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб нарфтаанд ва ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоӣ дар бораи бозкушоии мактабҳои миёна ва литсейҳои духтарон гирифта нашудааст.
Дар эъломияи Толибон гуфта шудааст: “Вазорати маориф ба мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон медиҳад, ки талош мекунад, то барои мардуми худ хадамоти меъёри омӯзиширо фароҳам бисозад”.
Ин дар ҳолест, ки мудири кулли Созмон омӯзиш, илм ва фарҳанги СММ аз Толибон хост, ҳуқуқи занон ва духтаронро дар Афғонистон таъмин намоянд.
Созмони Милали Муттаҳид дар як хабарнома гуфтааст, ки тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то Толибон манъи таҳсил ва кор дар берун аз хона барои занони Афғонистонро лағв кунанд.
Дар чаҳорчӯби ин талошҳо мақомоти баландпояи СММ на танҳо дар худи Афғонистон, балки дар маҷмӯъ, дар минтақа машваратҳо анҷом дода, аз ҷаҳони ислом ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки дар “аз ҷабҳаи ягона баромад карда” ба Толибон ёдовар шаванд, ки ислом занонро аз хондан ва кор кардан манъ намекунад.
Дар ин бора Омина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ, ки тоза аз Афғонистон ва кишварҳои минтақа баргашт, дар як нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк ба рӯзноманигорон хабар дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пештар намояндагони Созмони Милали Муттаҳид аз Кобул ва Қандаҳор дидан карда, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ, кормандони соҳаи башардӯстона, намояндагони мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсиятҳои таъсиргузори ҷамъиятӣ мулоқот карданд.
Бояд гуфт, ки Толибон омӯзиши занон ва духтарони донишомӯз ва донишҷӯро “то амри сонӣ”, яъне вақти номаълум мамнӯъ карда ва гуфта буд, ки пас аз фароҳам кардани шароити лозим, дарвозаи мактабҳо ва донишгоҳҳоро дубора ба рӯй онҳо боз хоҳад кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Тренер сборной России по борьбе из Таджикистана получил 9 лет за «финансирование терроризма»
УМВД предупреждает: «аренда» банковских карт – новый вид мошенничества в Таджикистане
В Душанбе мать и трое детей отравились угарным газом
Готов ли Душанбе к зиме?
Таджикский тренер в Узбекистане расстался со своими соотечественниками
Стало известно о судьбе второго таджикистанца, находившегося на борту самолета, потерпевшего крушение в Актау
СМИ узнали об изоляции жены Башара Асада из-за лейкемии
Таджикистанцы теперь будут сдавать отпечатки пальцев при получении справки о несудимости
На борту упавшего в Актау самолета были два уроженца Таджикистана
Как меняется контртеррористическая повестка в мире и причем здесь Таджикистан?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста