Дар гузаргоҳи Турхам, дар сарҳади Афғонистону Покистон, миёни ҷангҷӯёни Толибон* ва низомиёни Покистон даргирӣ сар задааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад.
Ин рӯзнома бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки даргирӣ соати 7:00 субҳи рӯзи душанбе, 20-уми феврал рух додааст.
Ба навиштаи манбаъ, даргирии мусаллаҳона миёни ду тараф пас аз наздик шудани ҷангҷуёни Толибон ба яке аз постгоҳҳои низомёни Покистон оғоз гардидааст.
Ин рӯзнома менависад, ки ду тарафи даргир бо силоҳҳои сабук ва вазнин ҳамдигарро ҳадаф қарор додаанд.
Дар бораи талафот ва хисороти расида аз ин даргирӣ ҳанӯз чизе гуфта нашудааст. Толибон дар гузаргоҳи Турхам низ то кунун дар ин маврид ибрози назар накардаанд.
Даргирӣ миёни Толибон ва низомёни Покистон дар ҳоле рух додааст, ки шоми рӯзи гузашта гузаргоҳи Турхам аз сӯи Толибон баста шудааст.
Бояд гуфт, ки ин маротибаи аввал нест, ки Толибон бо низомиёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вориди даргирӣ мешавад. Қаблан ҷангҷӯёни Толибон борҳо бо низомиёни Покистон даргирии мусаллаҳона карданд ва ҳамчунин, бо сарҳадбонони Ӯзбекистон низ танишҳо вуҷуд дошт.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста