Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон*, аз амалкарди “ҳукумат”-и зери роҳбарии худаш интиқод карда, онро “муомилагар” хондааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад.
“Мулло Ҳайбатуллоҳ дар як навори савтӣ, ки замони сабти он мушаххас нест ва рӯзи панҷшанбе, 2-юми март, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз навъи “ҳукумати Толибон” интиқод карда, афзудааст “ин ҳукумат нест, муомилагарӣ аст”, - навиштааст рӯзнома.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳукумати муомилагар ба нафъи теъдоде аз афрод буда, дар он “муомила ҷараён дорад”.
Ҳайбатуллоҳ хитоб ба зердастони худ гуфтааст, “аз хоҳишҳои худ сарфи назар кунед ва ҳама хоҳишҳои худро тобеъи шариат кунед, ки бартариҷӯӣ ба ноамнӣ оварда мерасонад”.
Мушаххас нест, ки мухотабони суханони роҳбари Толибон киҳо будаанд, аммо дар рӯзҳои ахир ихтилофот миёни сарони ин гурӯҳ беш аз пеш авҷ гирифтааст.
Қабл аз ин, Яъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифоъ ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати умури дохила низ дар суханрониҳои хеш бидуни зикри номи роҳбари худ, аз сиёсатҳои ҷории Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки “инҳисори қудрат ва таҳмили дидгоҳ ба суди Толибон нест” ва “бо чашмони баста аз касе итоат накунанд”.
Ба дунболи ин изҳоротҳо, Забеҳуллоҳ Муҷоҳиб, сухангӯи Толибон рӯзи панҷшнбе, 2-юми март, бо нашри хабарнома иттилоъ дод, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода бо вазирони дохила, дифоъ, хориҷа ва мухобироти толибон дидор кардааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи панҷшнбе, 2-юми март, бо нашри хабарномае аз дидори Мулло Ҳайбатуллоҳ бо Яъқуб Муҷоҳид ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.
Бояд гуфт, ки ин аввалин мулоқоти роҳбарони Толибон пас аз эҷоди ихтилоф ва танишҳои лафзӣ миёни онҳо мебошад. Аммо Забеҳулло Муҷоҳид дар хусуси муҳтавои суҳбати онҳо иттилои бештар надодааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Четыре боя – четыре поражения. Таджикистанцы выступили на турнире АСА в Москве
Шерали Кабир: «ChatGPT заменил мне ассистента»
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Жесткий лимит в 4 кВт, атака афганских боевиков и как Центральная Азия воду поделила
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста