Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки аллакай 20 сол боз Туркияро сарварӣ мекунад, бе душворӣ дар интихоботи навбатӣ ғолиб омада, ҳуқуқ пайдо кард, ки боз панҷ соли дигар сари қудрат монад.
Дар даври дуюми интихобот рӯзи якшанбе Эрдуғон аз номзади мухолифини муттаҳид Камол Қиличдароғлу 2 млн зиёдтар овоз гирифт.
Тавре ки ВВС хабар медиҳад, дар бораи ташкили раъйдиҳӣ ва шумориши овозҳо ҳеҷ шикояти ҷиддӣ вуҷуд надошт, аммо мухолифон интихоботро озод намешуморанд.
Дар даври аввали ду ҳафта пеш ба Эрдуғон барои пирӯзӣ ним фоиз овозҳо намерасид, вале дар даври дуюм беш аз 52 фоизи овозҳоро ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки дар даври аввали интихоботи рӯзи 14 май дар Туркия 3 номзад барои курсии президентӣ довталабӣ карданд
Камол Қиличдароғлуи 74-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон рақиби асосии Эрдуғон, президенти феълии 69-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал зиёда аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро овозҳоро ба даст овард. Синон Оган изҳор дошта буд, ки дар даври дуюм президенти феълиро дастгирӣ мекунад.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Сербия Александр Вучич ва раиси ҳукумати ваҳдати миллии Либия Абдулҳамид Дбейба Эрдуғонро ба муносибати пирӯзиаш дар даври дуюми интихобот табрик карданд, хабар медиҳад ТАСС.