Ба Камол Қиличдароғлу, раҳбари мухолифини Туркия ва рақиби Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботи моҳи май, 110 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба навиштаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и Туркия, алайҳи Қиличдароғлу 28 даъво ворид шудааст. Қаблан тафтишоти як қатор парвандаҳои алайҳи ӯ бинобар дахлнопазирии вакилӣ мутаваққиф шуда буд, аммо дар пайи натоиҷи интихоботи моҳи май Қиличдароғлу вориди порлумон нашуд ва дахлнопазирии худро аз даст дод.
Ҳамакнун, алайҳи Қиличдароғлу аксар даъвоҳоро раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешниҳод кардааст. Эрдуғон рақиби пешини худро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кардааст. Барои ҳар як даъво ба Қиличдороғлу то 4 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манобеи худ менависад, ки сиёсатшиносони турк эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбари мухолифинро ночиз медонанд, чун ин метавонад боиси ноором шудани вазъи сиёсӣ дар кишвар гардад.
Интихоботи президентии Туркия миёнаҳои моҳи майи соли 2023 баргузор шуд. Дар даври аввал Эрдуғон 49,35% ва Қиличдароғлу 45% овозҳоро ба даст овардаанд. Барои пирӯзӣ ба Эрдуғон беш аз 50 дарсади оро лозим буд, аз ин рӯ даври дуввум баргузор шуд, ки натоиҷи онро Комиссияи марказии интихоботи Туркия рӯзи 28 май эълон кард. Эрдуғон 52,14 дарсади овозҳо ва Қиличдароғлу 47,86 дарсади ороро ба даст оварданд.
Рӯзи 24 май маълум шуд, ки номзади мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳурии Туркия Камол Қиличдароғлу бо иттиҳоми намоиши видеои қалбакӣ алайҳи раиси ҷумҳури феълӣ Эрдуғон ба додгоҳ шикоят бурдааст. Сухан дар бораи наворе меравад, ки дар он гӯё Қиличдароғлу аз раҳбарони Ҳизби коргарии Курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ ва террористӣ эътироф шудааст, пуштибонӣ мекунад. Маблағи даъво 1 миллион лира (беш аз 50 000 доллар) аст.
Санатории Таджикистана: где отдохнуть и во сколько это обойдется?
Социальное жилье в Таджикистане. Какие изменения есть в законодательстве?
Куда можно сдать отходы на переработку в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 января 2025 года
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
"Талибан" требует от Запада уплаты репараций за 20 лет войны в Афганистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста