Рӯзи шанбе президенти Украина Владимир Зеленский дар шабакаи Telegram-и худ хабар дод, ки аз Туркия ҳамроҳ бо низомиёне бармегардад, ки “Азовстал”-ро ҳимоя карданду сипас тибқи табодул аз асорати Русия озод шуданд ва 10 моҳ дар Туркия қарор доштанд.
"Аз Туркия ба хона ва қаҳрамонони худро ба ватан бармегардонем, - навиштааст Зеленский. - Сарбозони украинӣ Денис Прокопенко, Святослав Паламар, Сергей Волинский, Олег Хоменко, Денис Шлега дар ниҳояти кор ба назди оила ва пайвадони худ бармегарданд".
Дар шабакаи Telegram-и Зеленский инчунин навори видеое нашр шудааст, ки дар он вай низомиёнро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, сипас онҳо ба ҳавопаймои президент савор мешаванд.
Тавре ки ВВС хабар медиҳад, бар асоси созишномае, ки бо миёнравии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба имзо расида буд, панҷ фармондеҳи украинӣ бояд то анҷоми ҷанг “дар амн ва роҳати комил” дар Туркия мемонданд, аммо зоҳиран президент Зеленский ҳамтои туркии худро мутақоид кардааст, ки онҳоро ба ватан баргардонад.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков бозгашти фармондеҳон аз «Азовстал» ба Украинаро "комилан риоя накардани созишномаҳои мавҷуда миёни Маскав, Киев ва Анқара" номид.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷониби Русия дар бораи бозгашти фармондеҳони "Азовстал" ба Украина чизе хабар надодаанд.
“Шартҳои бозгашт ҳам аз ҷониби Туркия ва ҳам аз ҷониби Киев риоя нашуданд. Тибқи шартҳои созишнома, раҳбарони “Азов” мебоист то анҷоми низоъ дар Туркия мемонданд”, - гуфтааст Песков.
Песков ин ҳолатро натиҷаи фишор ба Туркия аз ҷониби НАТО арзёбӣ кард.
“Маълум аст, ки омодагӣ ба нишасти НАТО идома дорад ва албатта, дар заминаи ин омодагӣ ба Туркия фишори бузурге сурат гирифт. Ва худи Туркия, албатта, ҳамчун узви НАТО ба ин васила ҳамраъйии худро бо ин созмон нишон медиҳад. Мо инро хуб мефаҳмем”, — иброз доштааст ӯ.
Туркия бо НАТО дар масъалаҳои дигар – аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия то қабули Шветсия ба ин эътилоф – ихтилофи зиёд дорад ва дар мавриди онҳо чунин гузаштҳо намекунад.