Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, раҳбари Ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” мулоқот кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия эълон кард, ки ин мулоқот ҳанӯз рӯзи 29-уми июн сурат гирифтааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, “мулоқот 3 соат давом карда, дар он 35 нафар фармондеҳон ва раҳбарони ширкат, аз ҷумла худи Пригожин иштирок кардааст”.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, раиси ҷумҳур Владимир Путин бо роҳбари ШХҲ “Вагнер” ва ҷангҷӯёни ӯ фаъолияти минбаъдаашонро баррасӣ кардааст.
Дар хусуси ин мулоқот тафсилоти бештар дода намешавад. Ҳамчунин, маъулм нест, ки Евгений Пригожин ҳоло дар куҷо аст.
Чанд рӯз пештар Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфта буд, ки Евгений Пригожин дар ин кишвар нест ва ба Русия рафтааст.
“Путин Пригожинро беҳтар аз ман медонад. Онҳо беш аз 30 сол аст, ки шиносанд. Пригожин шояд дар Санкт-Петербург бошад, шояд ба Маскав рафта бошад. Дар Белорус нест”, - гуфт Лукашенко.
Ёдовар мешавем, ки зархаридони “Вагнер” ҷузъи муҳим ва бештар аз ҳама ҳирфаии нерӯҳое ҳастанд, ки дар Украина ба ҷонибдорӣ аз Русия меҷанганд. Онҳо пас аз ҷанги давомдор дар шаҳри Бахмути Украина ва ишғоли он эълон карданд, ки ба истироҳат мераванд.
Дар ин миён роҳбари ин гуруҳ Евгений Пригожин чанд маротиба роҳбарияти Вазорати дифои Русияро интиқод кард.
Шаби 23-юми июн, ин гуруҳ шаҳри Ростови лаби Дони Русияро, ки дар он ҷо маркази фармондеҳии округи ҷанубӣ ҷойгир аст, ишғол кард ва рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуд.
Евгений Пригожин гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.
Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт.
В Душанбе за неделю выявили более 100 случаев продажи алкоголя и сигарет несовершеннолетним
В Таджикистане запустили онлайн-регистрацию ИНН. Что это такое, и как получить документ?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 ноября 2024 года
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста