Толибон* бо идомаи маҳдудиятҳои густурда алайҳи духтарон ва занон баргузории дарсҳои таълими ибтидоиро барои духтарон мамнӯъ кардаанд. Бар асоси фармони лафзии ин гурӯҳ, иштироки духтарони аз 10-сола боло дар барномаҳои таълимӣ манъ гардид. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Толибон дар бархе аз вилоятҳо дастур додаанд, ки духтарони то 10-сола, агар қадбаланд бошанд, вурудашон ба марказҳои омӯзишӣ мамнӯъ шавад.
“Ҳамчунин, теъдоде аз омӯзгорони зан дар Кобул таъйид мекунанд, ки гурӯҳи Толибон ба духтарони "қадбаланд" дастур додааст, ки дар хона бимонанд. Ин манобеъ мегӯянд, бар асоси ин амали Толибон духтарони болотар аз синфи сеюм аз ҳаққи таҳсил маҳрум мешаванд”, - иттилоъ додааст рӯзномаи мазкур.
Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз вилояти Ғазнӣ ба рӯзномаи “8 субҳ” гуфтаанд, ки идораи маорифи Толибон дар ин вилоят ба дарсҳои таҳсили ибтидоии духтарон монеъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз духтарони бозмонда аз таҳсил гуфтаанд, ки Толибон бо таҳсил ва ҳуқуқи духтарону занон мушкил доранд. Ба гуфтаи онҳо, барномаи таълимӣ баҳонае барои Толибон беш нест. Яке аз донишҷӯдухтарон, ки ду сол мунтазири боз шудани дарвозаи мактаб аст, таъкид кардааст, “агар барномаи таълимӣ мушкиле дошта бошад, ин барномаи таълимӣ барои писарон низ мушкил дорад. Ин барои мо шубҳанок аст. Чӣ гуна барномаи таълимӣ ғайриисломӣ аст, ки барои писарон мушкилӣ накунад ва духтаронро мушкил гардонад?”
Аммо 712 рӯз мешавад, ки дар Афғонистон дари мактабҳои духтарона баста шудааст. Дар ин давра Толибон далоили мухталиф, аз ҷумла тағйири сарулибоси духтарону омӯзгорон, мушкилоти фарҳангӣ ва тағйири барномаи таълимиро аз далоили аслии баста шудани мактабҳо барои духтарон унвон карданд.
Илова бар ин, теъдоде аз масъулони ин гурӯҳ дар нишастҳои хабарӣ гуфтаанд, ки баста шудани мактабу муассисаҳои таълимӣ ба рӯи духтарону занон мояи баҳси миёни онҳост ва барои ҳалли он вақт лозим аст.
Толибон дар баробари масдуд кардани мактабҳои духтаронаи болотар аз синфи шашум, ба хонандагони синфҳои чаҳорум то шашум дастур додаанд, ки дар роҳ ба мактаб рӯяшонро пӯшанд.
Ҳудуди ду сол мешавад, ки дари мактабҳои духтарона аз ҷониби Толибон баста аст ва сабабҳое, ки ин гурӯҳ дар ин муддат пешниҳод кард, шаҳрвандони Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро қаноатманд накардаанд.
Қаблан Созмони Милали Муттаҳид, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои бузурги минтақаӣ шарти ҳамкорӣ ва эътирофи Толибонро эҳтиром ба ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи занон ва ташкили ҳукумати фарогир унвон кардаанд. Аммо Толибон дар ду соли ахир ба ҳеҷ яке аз ин дархостҳо посухи мусбат ва қаноатбахш надодаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста