Созмони Милали Муттаҳид аз тақвияти фаъолияти шохаи “Хуросон”-и ДОИШ (Давлати исломӣ) дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст ва ин гурӯҳро “дорои таҳдиди бештари ҷиддии ҳозира дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ” арзёбӣ мекунад.
Тавре ки Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, гузориши 17-уми Дабири куллро дар бораи таҳдиди ДОИШ рӯзи 25 август муовини Дабири кулл оид ба масоили мубориза бо терроризм Владимир Воронков ба аъзои Шӯрои СММ пешниҳод кардааст.
Ба иттилои муовини дабири кулл, вазъият дар Афғонистон торафт душвортар мешавад, силоҳу муҳимот дар ихтиёри террористон қарор мегиранд.
Ба гуфтаи вай, зарфиятҳои амалиётии гурӯҳи “ДОИШ - Хуросон” тақвият ёфта, ҳамлаҳои онҳо ба Толибон* ва иншооти байнулмилалӣ бештар шудааст.
Воронков таъкид доштааст, ки гурӯҳи террористии ДОИШ ва филиалҳои он дар минтақаҳои даргириҳо ва кишварҳое, ки дар наздикии ин минтақаҳо ҷойгиранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар эъломияи Шӯро теъдоди ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва аъзои хонаводаи онҳо дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аз 4 то 6 ҳазор нафар тахмин зада шудааст.
Ин рақам дар муқоиса бо оморе, ки пештар нашр шуда буд, зиёдтар аст. Қаблан дар баъзе аз гузоришҳо шумори ҷангҷӯёну аъзои оилаи онҳо дар Афғонистон тақрибан 3,5 ҳазор кас гуфта шуда буд.
ДОИШ мисли “Толибон” амал мекунад
Гуфта мешавад, ҳамлаи маргбортарини ДОИШ дар минтақа рӯзи 30-юми июли имсол дар гирдиҳамоии интихоботии Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар Покистон рух дод. Дар он ҳодиса камаш 63 нафар кушта, зиёда аз 100 каси дигар захмӣ шуданд.
Ин гуруҳ масъулияти инфиҷори ҳафтаи гузашта дар Кобулро низ бар уҳда гирифт. Бар асари он ду ҷон бохта, як каси дигар маҷруҳ шуд.
Алиаҳмад Ҷалолӣ, устоди Донишгоҳи дифои миллии Амрико дар Вашингтон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ДОИШ дар ҳоли ҳозир талош мекунад, ки монанди Толибони қаблӣ амал кунад.
“Аъзои шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон ва Покистон ҳузур доранд. Ҳамон кореро мекунанд, ки Толибон дар замони шӯриш мекарданд. Яъне, аз мардум боҷ мегирифтанд, маводи мухаддир қочоқ мекарданд, бо истифодаи ғайримашруъ аз маъдан, таҳдиди одамон ва ҷиноятҳои созмонёфта пул ба даст меоварданд. Ҳоло ДОИШ ҳамин корро мекунад. Шояд дар айни замон касоне дар ҷаҳон бошанд, ки аз ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” дифоъ кунанд ва ба онҳо кумак намоянд", – илова кардааст ӯ.
Шохаи афғонии ДОИШРО дар Ғарб аллакай “ДОИШ-Хуросон” ном гузоштаанд. Ин гурӯҳ бори нахуст соли 2015 аз худ дарак дод. Ҳарчнад майдони асосии фаъолияти созмон Афғонистону Покистон бошанд ҳам, музофоти қадимаи Хуросон маъмулан қаламрави ҳозираи Туркманистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро мегирад.
Қароргоҳи “ДОИШ-Хуросон”дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ҷойгир аст. Моҳи январи соли 2016 Департаменти давлатии ИМА “ДОИШ-Хуросон”-ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил кард.
Дар гузориши Шӯрои амнияти СММ кишварҳои узви он даъват кардаанд, ки ба табдил додани Афғонистон ба макони террористон роҳ дода нашавад ва таъкид кардаанд, ки "Толибон бояд ташвиқ шаванд, ки аз ваъдаи худ барои нобуд кардани ДИИШ даст накашанд."
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Толибон гузориши Шӯрои Амнияти СММ-ро дар мавриди таҳдидҳои ДОИШ аз Афғонистон ба ҷаҳониён беасос хондааст.
“Далели то сифр поин рафтани фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон тайи соли ахир ва аз ҷониби як созмони байнулмилалӣ нашр шудани чунин як таблиғоти бидуни ҳуҷҷат ва манфӣ, ки наметавонад барои исботи он далел пешниҳод кунад, мақоми ин созмонро зери суол мебарад”, - зикр мешавад дар изҳороти ҳаракати Толибон.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.