Дар маълумоти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ хабар дода мешавад, ки шурӯъ аз 7 октябр дар Навори Ғазза 2 ҳазору 360 нафар кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.
“Тақрибан ҳар як кӯдак дар навори Ғазза ба ҳодисаҳои амиқи нигаронкунанда ва осеби равонӣ дучор шудааст, ки бо харобиҳои зиёд, ҳамлаҳои бераҳмона, оворашавӣ ва норасоии шадиди маводи ниёзи аввалия, аз қабили ғизо, об ва доруворӣ вобастагӣ дорад”, - хабар додаанд дар Хазина.Дар ин муассиса илова кардаанд, ки пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, дар Навори Ғазза ҳамарӯза зиёда аз 400 нафар кӯдакон ҳалок мешаванд ё ҷароҳат мегиранд.
Дар Соҳили Ғарбии дарёи Урдун пас аз 7 октябр 28 нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, боз дастикам 160 нафари онҳо захмӣ шудаанд.
Дар ЮНИСЕФ илова кардаанд, ки аз ҷониби Исроил зиёд аз 30 нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, боз даҳҳо нафар дар Навори Ғазза асир гирифта шудаанд.
Теъдоди ҳалокшудагон дар Навори Ғазза бар асари зарбаҳои Исроил ба зиёда аз 5 ҳазор нафар расид, хабар додаанд дар Вазорати тандурустии Фаластин. Дар Исроил пас аз ҳамлаи Ҳамос беш аз 1,4 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ), боз ҳудуди 220 нафар гаравгон дар Навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд.