Зимни вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсон президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия бояд риояи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъмин кунад, лекин пеш аз ҳама бояд манфиатҳои шаҳрвандони Русия ба инобат гирифта шаванд.
“Бояд тавозун, тавозуни этникӣ ва фарҳангӣ риоя шавад. Албатта, ҳама чизе, ки дар ин соҳа рух медиҳад, пеш аз ҳама ба манфиатҳои иқтисоди Русия ва норасоии қувваи корӣ вобаста аст, аммо, албатта, ин одамон бояд омода карда шаванд", - овардааст гуфтаҳои ӯро хабаргузории РБК.
Ба гуфтаи Путин, муҳоҷирон бояд қонунгузории Русия, инчуин расму оин ва анъанаҳои Русияро эҳтиром карда, аз лиҳози забондониву этникӣ ва фарҳангӣ омода бошанд.
“Албатта, ҳамчун кишвари мутамаддин мо бояд ҳуқуқҳои онҳоро таъмин кунем. Бояд рӯирост гуфт, ки пеш аз ҳама манфиатхои шаҳрвандони Русия дар ҳамаи соҳаҳо ба назар гирифта шаванд, мо бояд ҳамаи ин масъалаҳоро ба таври комплексӣ баррасӣ кунем”, - илова кардааст президент.
Путин изҳор доштааст, ки рӯйи ин масъала бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ кор мекунад, аз ҷумла дар масъалаи ифтитоҳи мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар ин давлатҳо.
Путин ҳамчунин аз мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия изҳори назар кард.
“Кӯдакон бояд таҳсил кунанд, аммо ин раванд набояд ба бад шудани шароити таҳсил барои фарзандони шаҳрвандони мо боис гардад. Ин як масъалаи алоҳида аст ва вонамуд кардан лозим нест, ки ин мушкилот вуҷуд надорад”, - гуфтааст ӯ.
Қаблан моҳи сентябр Путин изҳор дошта буд, ки манфиатҳои русиягиҳо муҳимтар аз ҷараёни муҳоҷират аст. Ӯ зикр карда буд, ки ба вазъи ҷараёни вуруди муҳоҷирон бояд бодиққат муносибат ва аз ташкили минтақаҳои ҷудогона ё худ махсуси будубоши онҳо (гетто) пешгирӣ кард.
Гардонандаи чорабинӣ Иля Дронов дар Форуми иқтисодии шарқӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда буд, ки дар бархе аз кишвраҳо минтақа (ноҳия)-ҳои муҳоҷирон ташкил меёбанд, ки ҳатто пулис ба он роҳ ёфта наметавонад.
“Мо бояд инро дар назар дошта бошем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба рух додани чунин ҳолатҳо дар кишвари мо роҳ надиҳем, дар Русия ин масъала хеле ҳассос аст”, - посух дода буд он замон ба ӯ Путин.