Бар асари таркишҳо дар маросими солгарди ёдбуди фармондеҳи Неруҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ дар макони дафнаш, оромгоҳи Гулзори Шуҳадои музофоти Кирмон 103 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории Tasnim иттилоъ медиҳад. Шумори маҷруҳон ба 188 нафар расидааст.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба расонаҳои Эрон, бар асари ин ҳодиса ҳамчунин 211 нафари дигар осеб дида, вазъи солимии 27 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ин хабаргузорӣ аз ҳалокати 95 нафар ва осеби 211 нафар маълумот медиҳад.
Мақомот ин ҳодисаро амали террористӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ин маросим ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркиши аввал 700 метр дуртар аз қабри Сулаймонӣ ва дуюмаш - дар масофаи тақрибан 1 километр дуртар аз он ба амал омадааст, ки дар натиҷа 95 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ниҳоди ҳолатҳои фавқулодаи Эрон хабар дод, ки миёни қурбониён 6 нафар кӯдакон ҳам ҳастанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, инчунин 211 каси дигар маҷруҳ шудаву осеб диданнд.
Ҳукумати Эрон 4 январро рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард. Президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ ваъда дод, ки гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.
Ёдрас мекунем, ки генерал Сулаймонӣ рӯзи 3 январи соли 2020 бар асари ҳамлаи мушакии Неруҳои ҳарбии ҳавоии ИМА дар мавзеи назди фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Ин ба зарбаи ҷавобии Эрон ба ду иншоот бо низомиёни амрикоӣ шаби 8 январ боис гардида, вазъият дар Ховари Миёнаро муташанниҷ кард.
Футбольная сборная Таджикистана нашла нового спарринг-партнера перед игрой с Филиппинами
Власти Узбекистана решили продать госдолю в 29 крупных компаниях
Проект «Хочу жить»: более 930 граждан Таджикистана были завербованы в армию РФ для участия в войне в Украине
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 апреля 2025 года
Уроженка Душанбе представит Таджикистан на конкурсе Шопена
17-летний сын главы Чечни стал секретарем Совбеза республики
Как прошло открытие Wildberries в Таджикистане?
Freedom Bank Tajikistan стал профессиональным участником рынка ценных бумаг Таджикистана
СМИ: Россия и Китай обходят вторичные санкции с помощью закрытой банковской системы
В Кыргызстане арестовали сотрудницу Русского дома. Ее подозревают в вербовке наемников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста