Дирӯз, 3-юми июн, сабтиноми довталабҳо барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ба анҷом расид. Дар  маҷмуъ, 80 нафар расман барои довталаб ба курсии раисҷумҳури ин кишвар сабтином шудаанд, ки аз миёни онҳо 4 зан низ ҳастанд. Дар ин бора “Тасним” хабар медиҳад.

Аз шинохтатарин чеҳраҳое, ки дар ду рӯзи охир барои рақобат дар интихобот сабтином гардиданд, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар Эрон ва Маҳмуд Аҳмадинажод, расиҷумҳури собиқи Эрон мебошанд. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд.

Ӯ дар интихоботи президентии солҳои 2017 ва 2021 низ сабти ном шуда буд, вале Шӯрои нигаҳбони Конститутсияи Эрон номзадии ӯро барои ширкат дар интихобот тасдиқ накарда буд.

Маҳмад Аҳмадинажод, Теҳрон, 1-уми июни соли 2024
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сабтином барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон рӯзи 30-юми май оғоз гардида, то асри дирӯз давом кард. Танҳо рӯзи 3-юми июн 43 нафар расман сабти ном шуданд, ки дар байнашон 3 зан низ ҳаст.

Муҳаммадтақӣ Шоҳчароғӣ, раиси ситоди интихоботи Эрон, дар поёни рӯзи охирони номнависӣ ба интихобот гуфтааст, ки дар умум дар тайи 5 рӯзи гузашта, 278 нафар барои иштирок дар интихобот муроҷиат карданд, ки аз ин миён 80 нафар сабтином гардидаанд.

Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро рӯзи 11-уми июн Шӯрои нигаҳбони Конститутсия, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.

Баъд аз ин давоми ду ҳафта – аз 12 то 26 июн мумкин аст, ки таблиғоти интихоботӣ баргузор гардад. Интихоботи раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июн доир мегардад. Агар зарурат ба миён ояд, даври дуввуми интихобот 5-уми июл барпо мегардад.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.