Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон* гуфтааст, омода аст аз мақоми феълии худ канор равад, ба шарте, ки дар кишвар ихтилофот набошад.
Тибқи иттилоъи “ParsToday”, Ҳайбатуллоҳ ин нуктаро зимни суханронӣ дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор баён кардааст.
“Бемории тоунро бипазиред, аммо ихтилофотро на. Зеро ихтилоф бадтарин мараз аст. Агар дастае аз мардум маро барканор кунанд, ман хушҳол мешавам, аммо ба ихтилоф дар миёни онҳо хушҳол намешавам”, - таъкид намудааст Охунзода.
Манзури ӯ аз ихтилоф чӣ будааст, дақиқан маълум нест. Аммо вақтҳои охир расонаҳои ғарбӣ ҳарчӣ бештар дар мавриди ихтилоф миёни Толибон иттилоъ медиҳанд.
Чанде қабл Шӯрои таҳқиқоти байналмиллал дар умури мазҳабӣ (IRCRA) дар пажӯҳиши худ эълом карда буд, ки миёни Толибон ихтилофоти идеологиву қабилавӣ вуҷуд дорад ва якпорчагӣ дар ин гурӯҳ дида намешавад.
Моҳи июни соли 2022 манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер ба рӯзномаи "8 субҳ" -и Кобул иттилоъ дода буданд, ки Толибони паштунтабор шуморе аз Толибони қавмҳои дигарро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои раиси амнияти миллии пешини Панҷшер боздошт карданд.
Аз ин пештар, расонаҳо бо истинод ба суханронии Охунзода дар ҳузури уламои дин навишта буданд, ки ихтилофи назар дар сафи вазирони Толибон низ вуҷуд дорад. Дар он суханронӣ, роҳбари Толибон бо хитоб ба зердастонаш гуфта буд, ки “... агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.
Он замон коршиносон хитоби Охунзодаро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои роҳбари худ интиқод кунад.
Суханронии ахире, ки ба Охундзода нисбат дода мешавад, дар як навори савтии 22-дақиқаӣ дар Радиотелевизиони милли Афғонистон пахш гардидааст. Аммо ҳеҷ далеле дар мавриди аслӣ ё ҷаълӣ будани ин навор дар даст нест.
Бояд гуфт, ки Охунзода давоми наздики се соли ҳукмронии Толибон дар Афғонистон боре ҳам аз тариқи расонаҳо худро нишон надодааст ва ин боиси пайдо шудани ҳар гуна фарзияҳо оид ба зинда ё мурда будани ӯ гаштааст. Толибон борҳо гуфтаанд, ки роҳбарашон зинда ва дар сари қудрат аст, аммо ҳеҷ далелеро пешниҳод накардаанд.
Дар хусуси суханронии ӯ зимни намози Иди Қурбон ҳам танҳо хабарҳо нашр шудаву наворе намоиш дода нашуд. Танҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон бо нашри паёме дар саҳифаи “Х”-и худ ва бидуни аксе аз раҳбарашон аз баргузории намози Иди Қурбон дар Қандаҳор хабар дода, зикр кард, ки “Ҳайбатулло Охундзода дар намоз имоматӣ кард”.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8 субҳ” қаблан ба нақл аз манобеи худ гузориш дода буд, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода зинда нест. CNN ва Foreign Policy низ аз марги ӯ хабар дода ва гуфта буданд, ки раҳбари Толибон дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кветаи Покистон кушта шудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
За какое время таджикский мигрант может заработать на квартиру в Душанбе?
В Кыргызстане предотвратили попытку госпереворота – вторую в этом году
Таджикистану потребуется $96 млрд на развитие в условиях климатической адаптации
Трамп выдвинул телеведущего на пост главы Пентагона, а Маску предложил курировать эффективность работы правительства
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 ноября 2024 года
10 лет назад аппарат «Розетта» впервые сел на комету – благодаря труду женщины-астронома из Таджикистана
Госдума РФ приняла закон о запрете пропаганды чайлдфри
«Нет разрешения». Наземная доставка товаров из Китая в Таджикистан временно приостановлена
В России задумали проверять детей мигрантов на знание русского языка
В Казахстане предложили аннулировать оформленные мошенниками кредиты
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста