Таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, қисми зиёди созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳон ба масъалаи фасод рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Чанд сол аст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ дар мавзӯи коррупсия тадқиқотҳои назаррас мебаранд. Муфассалтар дар ин мавзӯъ қарор додем бо таҳқиқгари бахши коррупсия Абдулвоҳид Шамолов сӯҳбат намоем.

- Сол то сол т аваҷҷӯҳи ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ ба масъалаи фасод зиёд мегардад. Ҳамкории Марказ бо Барномаи Рушди СММ дар ин масъала чӣ гуна оғоз гардид?

- Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони шведӣ оид ба рушд ва ғайраҳо аз зумраи он ташкилотҳое ҳастанд, ки ба чунин як хулосае омаданд, ки коррупсия боиси боло рафтани камбизоатию қашшоқӣ гашта, ҳамзамон монеаи ҷиддие дар роҳи тараққиёти давлатҳои олам, аз он ҷумла Тоҷикистон шудааст. Иқтисодшиносон низ дар навбати худ доир ба таъсири манфии фасод ба пешрафти иқтисодии кишварҳои ҷаҳон далелҳои қотеъ ва раднопазир меоранд. Ин падида чун зуҳури номатлуби иҷтимоӣ асосу бунёди ҷомеаи демократиро заиф намуда, ба рушду такомули он таъсири амиқу фалокатовар мерасонад. Шароитҳои зикршуда мубориза алайҳи коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯзу фардо мубаддал гардонд. Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин проблема ҳамеша диққати хоса зоҳир менамоянд. Бахусус, аз соли 1999-ум шурӯъ карда, кӯшишҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешида шудаанд. Солҳои охир дар мамлакат замина ва фазои қонунӣ барои мубориза бар зидди коррупсия муҳайё мегардад .

Барномаи Рушди СММ яке аз барномаҳоест, ки бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ аз солҳои аввали таъсисаш ҳамкорӣ мекунад. Баъди он ки проблемаи коррупсия сар то сари ҷаҳон шиддат ёфт ва оромии ҷомеаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор дод, аз соли 2003 инҷониб, дар атрофи ин масъала як силсила тадқиқотҳо гузаронида шуданд. Дар қатори дигар муҳаққиқони марказ - ман, ки бо омӯзиши таърихи андешаи сиёсии халқи тоҷик машгул будам, барои гузаронидани тадқиқотҳо дар ин мавзӯъ ҷалб гардидам, то сабабҳои ин зуҳуроти номатлубро дар шароити кунунии Тоҷикистон муайян намоем. Мо ин корро ба иҷро расонидем ва натиҷаҳои хуб ба даст овардем.

- Тадқиқоти якҷояи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва БРСММ оид ба афкори ҷомеа дар соли 2006-ум нишон дод, ки коррупсия таърихи тӯлонӣ дорад. Яъне садсолаҳо ҳукуматҳои мавҷуда натавонистанд ин фасодро решакан намоянд. Ба фикри шумо кӯшиши аз байн бурдани коррупсия хаёли хом нест?

- Коррупсия дорои таърихи қадима буда, яке аз умдатарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб мегардад. Аз рӯзгори ҷомеа маълум аст, ки аз байн бурдани коррупсия ва решакан кардани он як хаёли амалинашавандаест, вале муносибати бошуурона ба ин масъала ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб таҳаммулнопазирии одамонро нисбат ба ин падида ва оқибатҳои он, инчунин баҳо додан ба он бештар месозад.

Чораи зарурие, ки метавонад ба ин падида муқобилат намояд, ин таҳияву амалӣ гардонидани сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ дар заминаи иттиҳоди аксари нирӯҳои сиёсӣ, ҳамкории самаранок ва мутақобила бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ин кор таи да соли охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.

Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем» (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

Барои он, ки дарки моҳияти масъаларо фаҳмем, бояд сабабҳои реша давондани фасодкорӣ ва роҳҳои мубориза бо онро мушаххас намоем. Тадқиқотҳои анҷомдода муайян сохт, ки коррупсия хусусияти трансмиллӣ дошта, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла, дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Мо муайян намудем, ки ришва дар ҳазораи дуюми пеш аз милод ҳанӯз дар Миср зуҳур кардааст. Дар китоби муқаддаси зардуштӣ – Авасто ҳам дар бораи фасод сухан меравад ва дар пандномаҳои Бузургмеҳр низ дар бораи шикасти империяи 400-солаи Сосониён аз сабаби дар низоми онвақтаи давлатдорӣ зуҳур кардани коррупсия навишта шудааст. Дар замони хилофати Араб, ҷоришавии дини мӯбини ислом, ҳарчанд дар Қуръони карим фасодкорӣ манъ шуда бошад ҳам, ин зуҳурот ҷой доштааст. Таърихи аморати Бухороро таҳқиқ кардем: ҳарчанд амир Олимхон бо пешниҳоди Аҳмади Дониш ба уламои худ, яъне вазифадоронаш маоши ҳармоҳа таъин мекунад, бо вуҷуди ин, ришваситонӣ чуқур реша давонда буд. Вақте замони ҳукмронии шӯравиро таҳқиқ намудем, ба хулосае омадем, ки дар он давра низ фасодкорӣ ҷой дошт. Ба ёд оред, барои ба хориҷа сафар кардан, ба курорт роҳхат гирифтан, ба даст овардани моли камёфт аз базаҳои савдо чӣ алоқаҳоро ба кор андохтан лозим меомад. Яъне фасод чун як зуҳури номатлуби иҷтимоӣ ҳамқадами ҳар як давлат аст. Коррупсия сарҳад надорад, хусусияти трансмиллӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Фасодкорӣ дар ҳама ақсои олам ҷо дорад ва ин проблемаи танҳо Тоҷикистон нест. Ин маънои онро надорад, ки бо он мубориза бурда намешавад. Таҷрибаи Чили, Малайзия, Гонконг ва Кореяи Ҷанубӣ нишон дод, ки онро аз байн бурдан имконпазир аст. Чун дар давраи гузариш қарор дорем, дар мо ин раванд оҳиста амалӣ мегардад. Дар Тоҷикистон омилҳое ҳастанд, ки барои аз байн бурдани фасод монеа мешаванд. Масалан,шароити иқтисодии кишвар, кам будани маош, кризиси ҷаҳонӣ, проблемаи бунбасти коммуникатсионӣ ва ғайра. Дар мо анъанаҳои суннатӣ, яъне хешутаборчигӣ сахт реша давондааст. Аммо бояд гӯем, ки коррупсия ба менталитет кор надорад. Миллати тоҷик фасодзада нест! Мо бояд аз ҷомеаи анъанавии суннатӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарем. Чун зуҳуроти иҷтимоӣ боиси он мешавад, ки дар ин ё он давра фасод боло ё поин меравад.


- Аҷиб аст, ки ба таҳқиқи масъалаҳои фасод дар сохторҳои давлатӣ на ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва мустақил, балки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар даст мезанад…

- Пеш аз они ки БРСММ ба чунин иқдом даст зананд, онҳо тадқиқотамонро дар ин бора омӯхта, ба хулосае омаданд, ки он хусусиятҳои объективӣ дорад ва бо мо қарордод бастанд. Ҳанӯз солҳои 90-ум президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон як баёнияи хеле хуб пешниҳод карданд ва ин ҳушдор буд, ки дар Тоҷикистон коррупсия реша давонда истодааст. Ин иқдом аз иродаи сиёсии роҳбари давлат дарак медиҳад, бубинед, ки дар муқоиса бо дигар давлатҳои муштарак-ул-манофеъ, дар он давра дар ин бора тамоман гап намезаданд. Аввалин шуда дар байни давлатҳои собиқ шӯравӣ мо қонун «Дар бораи коррупсия»-ро қабул кардем. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ барои сохторҳои қудратӣ барои мубориза бо фасод имконият ба вуҷуд омад ва ратификатсияи як силсила барномаҳои ҳуқуқӣ ва конвенсияҳо дар сатҳи баланд аз он дарак медиҳанд, ки ҳукумати мо ва сарвари давлат, низоми давлатдорӣ ва парламент омода ҳастанд бо ин зуҳурот мубориза баранд. Ва агар барои мубориза бо фасод дар мадди аввал тадқиқотҳо, мониторинг намегузаронидем, натиҷаҳои хуб ба даст оварда наметавонистем.

- Оё тадқиқот аз тарафи як сохтори давлатӣ дар бораи фасодкории сохторҳои дигари давлатии қудратии пурра объективона буда метавонад?

- Чаро не? Баъзе намояндагиҳои ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳатто ҳайрон ҳам шуданд, ки мо тамоми сохторҳои қудратӣ, системаи маориф ва тандурустӣ, заминсозиро фаро гирифта будем ва аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои худ сарбаландона баромадем. Ин тадқиқоти мо дар сатҳи байналмиллалӣ баҳои хуб гирифт, қисмати зиёди давлатҳои рӯ ба инкишоф таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин бора мавриди омӯзиш қарор доданд. Барои омӯзиши масъала мо дар Олмон, Шветсия, Белгия, Кореяи ҷанубӣ, Гонконг ва дигар давлатҳо таҷриба гирифтем ва модели раҳоӣ аз ин зуҳуроти номатлубро дар натиҷаи чунин омӯзиш сохтем. Дар амалишавии ҳама барномаҳои тадқиқотии мо БРСММ моро фаъолона дастгирӣ мекунад ва мо аллакай бо ин ташкилоти бонуфуз 4-5 лоиҳаи якҷояро амалӣ намудем. Масалан, бо дастгирии БРСММ мо коррупсияро дар сарҳадоти Афғонистону ӯзбакистон мавриди таҳқиқ қарор додем ва дар ин мавзӯъ як қатор семинарҳою мизҳои мудаввар, конфронсу дигар чорабиниҳои оммавӣ гузаронидем.

Бо дастгирии барномаи Рушди СММ мо дар соли 2010 тадқиқоти охиринамонро барои муайян кардани афкори ҷомеа гузарондем ва он характери муқоисавӣ дорад. Дар бораи натиҷаҳои бадастомада ҳоло гап намезанем, чун дар моҳҳои наздик муаррифии ин тадқиқот дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар аст. Танҳо онро гуфтаниям, ки мо натиҷаҳои назаррас гирифтем ва онҳо барои дар оянда мубориза бурдан бо фасодкорӣ дар ҷумҳурӣ замина мегузоранд.