Бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва кӯмаки башардӯстонаи ташкилотҳои хориҷӣ соли гузашта беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил аз нав таъмири асосӣ ёфта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пурра ҷиҳозонида шуд. Дар бораи фаъолияти ин даргоҳ, имрӯзу фардои он тасмим гирифтем бо сартабиби беморхона – Саидаҳтам РУСТАМОВ ҳамсӯҳбат шавем.

- Дар ҷумҳурӣ Барномаи сеюми миллии ҳифзи аҳолӣ аз сил барои солҳои 2010-2015 қабул гардидааст, ки ҳадафҳои асосии он коҳишдиҳии минбаъдаи беморӣ ва фавт аз сил дар байни аҳолӣ, субот бахшидан ба вазъияти эпидемиологӣ ва барқарор намудани назорати комил ба сироят дар ҳама қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Мӯҳтарам Саидаҳтам Рустамович, дар беморхонаи шумо вазъи бо табобат фарогирии аҳолӣ чӣ тавр суръат мегирад?

- Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои зидди сил, ки барномаҳои миллӣ пешбинӣ кардаанд ва дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардондани стратегияи DOTS, сифати ташхис ва табобати беморони сил баланд гашт. Дар баробари ин, тамоюли камшавии фавт аз сил дар ҷомеа ба мушоҳида мерасад.

Имрӯз бо қатъият гуфта метавонам, ки беморхонаи мо, ки барои 420 кат пешбинӣ шудааст, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ ва дорувории лозимаи зиддисилӣ пурра муҷоҳозонида шудааст. Ҳамаи ин ба мо имкон медиҳад, то ба беморони сил аз ташхиси бемор сар карда то ба шифоёбии комил ёрии саривақтии тиббӣ расонда шавад. Ба чунин дастовардҳо ноил гардидани мо, албатта, ба шарофати кӯмакҳои башардӯстонаи як қатор давлатҳои хориҷӣ маншаъ мегирад. Манбаъҳои асосии маблағгузории хадамоти сил маблағгузории берунӣ, аз ҷумла Хазинаи глобалии мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД), Бонки Олмонии Рушд (KfW), Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Бунёди Каритаси Люксембург, Бунёди СПИД-и Шарқ-Ғарб, Барномаи умумиҷаҳонии хӯроквории СММ, Маркази назорати бемориҳо (CDC) ва ғайра мебошанд.

Дар беморхонаи мо, ки дар шаҳраки «Шифо»-и ноҳияи Ваҳдат, 20 км дуртар аз Душанбе воқеъ аст, 32 табиб, 87 ҳамшираи тиббӣ ва 72 корманди ёрирасон кор мекунанд. Бояд қайд кард, ки дараҷаи ихтисоснокии ҳама табибони беморхонаи мо дар бахши пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои асосии узвҳои нафаскашӣ баланд бардошта шуда, ҳама шӯъбаҳои табобатгоҳ бо таҷҳизоти зарурии ҳадди ақал муҷаҳҳаз гардонда, бо дорувориҳои асосӣ таъмин карда мешаванд. Имрӯз бо қатъияти том гуфта метавонам, ки беморхонаи мо яке аз табобатгоҳҳои беҳтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мо бо қувваи худ метавонем ҷароҳати шуш, буғумҳо ва сутунмӯҳраи беморонро ба сомон расонем.

Бояд гуфт, ки то оғоз шудани таъмири бино, он дар ҳолати ҳузнангез қарор дошт. Акнун ба шарофати донорҳои мо дар ин ҷо 5 шӯъбаи нав кушода шудааст: 2 шӯъбаи бемориҳои мутобиқгаштаи сил дорои 80 кат, шӯъбаи ташхис, шӯъбаи табобатӣ ва шӯъбаи ҷарроҳии ғайрисилӣ дорои 30 кат. Ҳамаи бино ба меъёрҳои байналхалқии ҷорибуда мувофиқат мекунад ва хурсандиовар аст, ки мо якбора 420 беморро хобонда бо табобат фаро гирифта метавонем. Ҳоло дар статсионари мо 370 бемор табобати саривақтии тиббӣ мегиранд. Барои ҳамаи беморони мо дар доираи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ва ХОУП бо маблағгузории Хазинаи глобалӣ се маротиба хӯроки гарми бепул ва дорувории зиддисилӣ дода мешавад.

- Табобати беморони мубталои намуди мутобиқгаштаи сил (ТБ-МЛУ) яке аз қисмҳои асосии Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз сил мебошад. Дар беморхонаи шумо барои табобати ин гуна беморон чӣ чораҳо андешида шудаанд?

- Дар ҳақиқат, солҳои охир ташкилотҳои тандурустии ҷаҳон ба афзудани шумораи беморони шакли мутобиқгаштаи сил аҳамияти махсус медиҳанд. Ва Тоҷикистон низ ба ин қатор шомил аст. Ба ин як қатор омилҳо сабаб мешаванд. Масалан, шакли мутобиқгаштаи сил бо доруҳои қатори аввал, ки барои табобати бемории оддии сил истифода мешаванд, табобат карда намешавад. Барои табобати ин гуна беморӣ доруҳои қатори дуюм истифода мешаванд, ки чандин маротиба кимматтар мебошанд.

Имрӯзҳо ин барнома дар 16 ноҳияи пилотӣ, аз он ҷумла дар системаи пенетсиарӣ амалӣ гардонда мешавад, аммо дар оянда паҳнкунии он ба тамоми ҷумҳурӣ дар назар аст.

Аз рӯи маълумотҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ҳамаи беморони шакли мутобиқгардидаи сил дар 16 ноҳияи пилотӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ва ин навъ беморон бо табобати маҷбурии зиддисилӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин гуна табобат яке аз рукнҳои Барномаи миллии ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бемории сил мебошад. То ба анҷом расидани барнома, яъне то охири соли 2015 дар назар аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ин гуна беморонро саривақт муаяйн намуда, зина ба зина табобат намоем.

Бояд гуфт, ки дар беморхонаи мо инчунин озмоишгоҳи миллии референсии ҷумҳуриявӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки яке аз усулҳои таъҷилии муайян намудани шахси бемор мебошад. Барои кор дар ин ташхисгоҳ беҳтарин мутахассисон даъват шудаанд.

- Дар доираи лоиҳаҳо ба беморхонаи шумо чӣ гуна ёрӣ расонида мешавад?

- Бояд зикр намоям, ки аз соли 2009 дар беморхонаи мо ду шӯъбаи беморони намуди мутобиқгашта ба дорувории қатори аввал ташкил карда шудааст. Барномаи Хазинаи Глобалӣ ин шӯъбаҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ – асбобҳои ташхисӣ, катҳо, кӯрпаву болишт ва ғайраҳо, инчунин доруҳои лозима доимо таъмин мекунад. Инчунин дар доираи лоиҳаи Барномаи Хазинаи Глобалӣ ба беморон се маротиба хӯроки серғизо дода мешавад, ки ба ҳар нафар бемор дар як руз 40 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҳоло дар ин шӯъба 84 нафар табобат мегиранд, ки муддати табобати онҳо то 2 сол давом меёбад. Ин ҷо тавзеҳ додан мехостам, ки Хазинаи Глобалӣ ба мо маблағи пулӣ ирсол накарда, танҳо худи ғизо ва дорувориро таъмин мекунад ва аз паи тақсимшавии он назорат мебарад.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиат намуда, орзуи онро дорам, ки доимо сиҳату хонаобод бошед! Пешгирии ҳар як дард, бахусус, бемории сил, нисбат ба табобати он осонтар аст. Сари вақт ба духтур муроҷиат карданро фаромӯш накунед. Ҳамзамон бояд ёдовар шавам, ки мувофиқи фармони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо ташкилотҳои байналхалқӣ табобати зиддисилӣ ва ташхиси бемории сил барои аҳолӣ ройгон аст.

Бояд ҳама кӯшишро ба он равона созем, ки ошкоршавии бемории сил дар байни аҳолӣ афзун гардад. Танҳо бо ин роҳ мо шумораи беморони силро дар ҷумҳурӣ кам карда метавонем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехостам миннатдории худро ба тамоми кормандони Барномаи мубориза бо ВИЧ\СПИД, сил ва вараҷаи БРСММ баён намоям, чунки бе ёриву дастгирии ҳарҷонибаи онҳо мо ба чунин дастовардҳо ноил намешудем. Тӯли солҳои зиёд ин Барнома шарики доимии мо буд ва мемонад.

Бонки рушди Олмон барои таъмини асосии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил 4 миллион евро ҷудо кардааст. Хазинаи Глобалии БРСММ бошад, барои таҷҳизонидани беморхона бо мебел ва маводҳои ташхисӣ беш аз 300 ҳазор евроро сарф менамояд.

Дар соли 2011 барои табобати беморони сил аз буҷаи ҷумҳурӣ ба миқдори 2 миллиону 400 сомонӣ ҷудо шуда буд.