Чӣ тавр мардуми ҷамоат мушкилоти ҷойдоштаро сарҷамъ ҳаллу фасл менамоянд.
Маркази Дастгирии Ҷамоати Ширинчашма ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ солҳои зиёде дар муайян намудани мушкилоти аввалиндараҷаи мардуми деҳот ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли он дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият дорад ва дар ин самт бо ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ менамояд. Тӯли солҳои сипаригашта бо дастгирии Идораи Минтақавии БРСММ дар водии Рашт, ташкилот лоиҳаҳои бисёреро ба анҷом расонид, ки баҳри рушди устувори ҷомеа ба мардум хизмат расонида истодаанд.
Ҷамоати Ширинчашма дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Тоҷикобод дар водии Рашт ва яке аз минтақаҳои баландкӯҳ ба ҳисоб рафта, баъзе аз қишлоқҳои он ба монанди Себистон ва Кӯҳдоман дар баландии 2347 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд. Шуғли варзидаи мардуми ин минтақа асосан картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва занбӯри асалпарварӣ мебошад.
Шароити иқтисодии имрӯза имконият намедиҳад, ки аҳолии ҷамоат ба пуррагӣ бо ҷои кор таъмин бошад ва баҳри бартараф намудани мушкилотҳои иҷтимоию иқтисодии худ саҳмгузор бошад. Аз ин лиҳоз, қисми зиёде аз ҷавонон ва мардони қобили меҳнат барои дарёфти кор ва маблағ муҳоҷирати меҳнатиро пеша карданд. Айни замон, аз 4500 нафар аҳолии ҷамоат 600 нафар ё ин ки 13% аз шумораи умумии аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, МДҶ Ширинчашма бо амалӣ гаштани лоиҳаи «Рушди ҷомеа тавассути таъсиси ҷойҳои корӣ ва такмили идоракунии муҳоҷират», ки аз тарафи Хазинаи СММ оид ба амнияти башар тавассути Идораи Минтақавии БРСММ маблағгузорӣ шуда буд, дар якҷоягӣ бо шарикони маҳаллӣ барои ҳаллу фасли масоили мавҷудаи ҷамоат, имконияти ҷалби кӯмаки муҳоҷирони меҳнатиро баҳри ободонии маҳали зист истифода бурд.
Деҳаи Полезак яке аз деҳаҳои дурдасти ҷамоати Ширинчашма мебошад, ки дар он ҷо 925 нафар (аз ин шумора - 490 нафар ё ин ки 53% зан) сукунат доранд. Манбаи асосии даромади аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ аст. Майдони замини корами деҳа 98 га мебошад, ки аз ин 38 га барои кишти гандум истифода бурда мешуд. Вале аз сабаби набудани осиёб барои коркарди гандум, мардуми деҳа ба бисёр мамониятҳо рӯ ба рӯ мешуданд, чунки осиёби наздиктарин дар мавзеи дурдаст воқеъ буд, ки барои роҳкиро маблағи иловагиро талаб мекард ва аз ҳамин сабаб, солҳои охир бештари мардум ин намуди ғалладонаро кишт намекарданд.
Ҳаллу фасли ин мушкилот яке аз самтҳои афзалиятноки мардум муайян шуд ва дар ҷамъомади деҳа пешниҳод гардида, таҳти лоиҳаи «Рушди ҷомеа тавассути таъсиси ҷойҳои корӣ ва такмили идоракунии муҳоҷират» аз тарафи хазинаи СММ оид ба амнияти башар маблағгузорӣ гардид. Маблағи умумии лоиҳа 6000 долларро ташкил дода, 1500 доллари он аз тарафи лоиҳа ва 4500 доллар аз тарафи аҳолӣ (асосан, аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ), ки 3 баробари маблағи грантиро ташкил медиҳад, дастгирӣ ёфт. Бояд қайд намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ гарчанд берун аз мамлакат бошанд ҳам, баҳри ободии диёри худ кӯмаки амалии худро расониданд.
Айни замон, осиёби коркарди орд дар деҳа мунтазам фаъолият намуда, ба ғайр аз мизоҷони асосии худ, яъне аҳолии деҳа, инчунин ба аҳолии деҳаҳои ҳамсоя (шумораи умумӣ 2235 нафар) хизмати худро мерасонад. Амалӣ шудани ин лоиҳа дар деҳа ба беҳтар намудани вазъи иқтисодии мардум мусоидат намуд, чунки ҳоло мардум ордро аз бозорҳо, ки нархи як халтаи он 120 cомониро ташкил медиҳад, харидорӣ накарда, гандумро дар заминҳои худ кишт мекунанд ва нархи як халта орди дар осиёб коркард шуда бо назардошти хароҷотзои парвариши гандум (нуриҳои минералӣ, тайёр намудани замин, кишти гандум ва ҷамъоварии ҳосил бо истифодаи техникаи хоҷагии қишлоқ ва меҳнат) 80 сомониро ташкил медиҳад, ки ин аз нархи бозор 40 сомонӣ ё ин ки 33% арзонтар аст. Дар натиҷаи сохтмони осиёб майдони кишти гандум низ зиёд шуд. Агар дар солҳои 2008 мардуми деҳа 46 тонна гандум истеҳсол менамуданд, соли 2011 истеҳсоли гандум 61 тоннаро ташкил дод, яъне аз амалӣ шудани лоиҳа истеҳсоли гандум аз ҳисоби васеъ гардидани майдони кишт 15 тонна афзоиш ёфт, чунки бо сохтмони осиёби орд таваҷҷӯҳи мардум ба кишти гандум зиёд гардид ва онҳо имконият пайдо намуданд, ки гандуми истеҳсол намудаи худро дар осиёб коркард намоянд.
Дар навбати худ, афзоиши кишти ғалладона баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми деҳа имкониятҳои дигарро низ фароҳам овард. Масалан, истифодабарии заминҳои бекорхобидаи лалмӣ; нигоҳ доштани навъҳои ғалладонаи маҳаллӣ ва ба касалиҳо тобовари минтақа, имконияти маҳсулотбарорӣ ва истеъмоли зиёди ғалладонаи худи аз ҷиҳати сифат баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза; самаранок истифода бурдани замин ва ба роҳ мондани киштгардон (яъне баъди картошка ҳатман кишт кардани ғалладона). Ин имконият медиҳад, ки баъд аз кишти ғалладона, замин дам гирифта, ғизонокиаш зиёд гашта, дар оянда боз ҳосили хуби картошкаро диҳад. Аслан мардум бештар ҳангоми киштгардон барои хӯроки чорво юнучқа, эспарсет, рапс кишт менамуданд, лекин аз гандум ҳам ғалла ва ҳам хӯроки чорво истеҳсол кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, иқдоми мазкур ба танзими нархи ғалладона дар маҳал, зиёд гардидани хӯроки контсентратӣ барои чорво, нигоҳдории гуногуншаклии агробиологӣ, наботот ва ҳайвонот ва дар расидан ба яке аз самтҳои асосии стратегии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд.
Мақсади дар пеш истодаи БРСММ дар он буд, ки ба воситаи иҷроиши лоиҳа, роҳҳои боз ҳам самаранок истифода бурдани интиқоли пулии муҳоҷиронро дар мисоли лоиҳаи осиёб нишон диҳад ва хурсандиовараш он аст, ки Барномаи рушд ба ин мақсад ноил шуд. Баъд аз се соли анҷоми лоиҳаи мазкур, дар ҷамоати Ширинчашма ҳамкориҳои нави аҳолӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ назаррасанд. Ба воситаи интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ду нерӯгоҳи хурди обии барқӣ дар деҳаи Тарбулоқ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа аҳолӣ бо барқ таъмин гардид. Ҳамзамон, устоҳои кафшергару оҳангар ва дуредгар аз ин нерӯгоҳҳо истифода бурда, эҳтиёҷоти аҳолиро қонеъ гардонида истодаанд, ки ин таъмини ҷойҳои кории нав аст. Ташриф ба дигар ҷамоатҳо нишон медиҳад, ки таҷрибаи деҳаи Полезак аллакай дар ҷамоатҳои дигар низ паҳн гашта истодааст ва ин гувоҳи он аст, ки мардум тайёранд дар рушду нумӯи деҳаи худ саҳмгузор бошанд.
Дар маҷмӯъ, дар оянда чунин ташаббусҳои ҷомеавиро дастгирӣ намуда ривоҷ додан лозим аст, чунки онҳо як заминаи рушди иқтисодии маҳал гашта, ба беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодии мардум мусоидат менамоянд.
БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД
Smart-освещение, многофункциональная мебель и никакого блеска: тренды интерьерного дизайна
Как выплачиваются декретные и пособия по уходу за ребенком в Таджикистане?
Можно ли поменять свою подпись, и как это сделать в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста