Идораи минтақавии БРСММ дар ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент, ки дар водии Зарафшон ҷойгир мебошанд, фаъолият мекунад.

Аҳолии ин минтақа зиёда за 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 70% мардуми қобили меҳнат дар соҳаи хоҷагии қишлоқ фаъолият доранд. Гарчанд заминҳои корам дар ин мавзеи кӯҳистон каманд, воситаи асосии дарёфти зиндагии аҳолӣ парвариши зироату чорво ба шумор меравад. Мардум мебояд дар шароити вазнини кӯҳистон қитъаҳои замини худро коркарди самаранок ва хушсифат намуда, ҳосилнокии баланди заминҳоро нигаҳ доранд, аммо шароитҳои мавҷуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки коркард намудани замин ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бидуни дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ имконнопазир аст. Камбудиҳои ҷойдоштае, ки метавонанд садди роҳи дастрасии деҳқонон ба маблағи пулӣ бошанд, дар манотиқи кӯҳистони дурдаст дучанд эҳсос мешаванд. Аз ин лиҳоз, баҳри ҳаллу фасли ин масоили мубрам ва дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳаи қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои хурд, хусусан дар манотиқи кӯҳистон, Барномаи Рушди СММ барномаҳои худро пайваста дар ин самт амалӣ мегардонад.

Бо назардошти чунин омилҳо Барномаи Рушди Ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар водии Зарафшон эҳтиёҷоти маҳалро ба инобат гирифта, таҳти Барномаи Ташаббуси Водии Зарафшон ва бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) лоиҳаву фаъолиятҳои гуногунро амалӣ намудааст. Барнома дар худ фаъолиятҳоеро дар бар гирифта буд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ барои манфиат ба мардуми осебпазир, аз ҷумла оилаҳои камбизоате, ки онҳоро бехатарии озуқа ва норасоии он таҳдид мекард, равона гардида буданд. Кӯмак дар дастрасии мардуми камбизоат ба сармоя ё худ маблағ, ки асоси ҳамаи кору пайкор мебошад, таъсис додани Фонди Қарзии Хурдро (ФҚХ) ба самар овард. Чунин фонд дар раванди иҷроиши барнома дар водӣ таъсис ёфта, «Рушди водии Зарафшон» номгузорӣ шуд.

ФҚХ «Рушди водии Зарафшон» соли 2007 таъсис ёфта, дар 24 ҷамоати водӣ фаъолият менамояд. Фонд ҳамчун механизми таъсирбахшу боманфиатест, ки ба мардуми камбизоат дастрасиро ба маблағҳои пулии дастрас таъмин менамояд. Сармояи нисбатан калони зиёда аз 12,3 миллион сомонӣ , фарогирии масоҳати васеъ, дастрасии осон ба нуқтаҳои қарздиҳӣ, фоизи ками қарзҳо ва нақшаи муносиби баргардонидан, хизматрасонии фондро яке аз маҳсулноктарин ва сермизоҷтарин миёни ҷомеа гардонидааст. То ба имрӯз фонд ба 51000 мизоҷ хизматрасонӣ намудааст, ки аз ин шумора 41.1% занон мебошанд. Ғайр аз ин, ФКХ дар баробари пешниҳоди кӯмаки молиявӣ дастгирии лоиҳаҳои сохтмонии хурдро аз ҳисоби даромади ба дастоварда хуб ба роҳ мондааст. Ин гуна лоиҳаҳо, аз қабили таъмири муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, шинонидани трансформаторҳои баландшиддат, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки новобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқ таъсир мерасонанд, ба воситаи фонд амалӣ гаштаанд.

Аз рӯзҳои аввали саршавии кори худ, кормандони ФҚХ бо маблағгузорони гуногун ҳамкории зичро ба роҳ монда, то ба имрӯз дар самти васеъ ва беҳтар гардонидани хизматрасонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Масалан, дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии бевоситаи лоиҳаи «Камбизоатӣ ва муҳити зист» барои фаъолияти соҳибкории хурди аз ҷиҳати экологӣ безарар, намуди нави қарзҳои хурд пешниҳод шуд. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ ва машварат бо ташкилотҳои дигари байналхалқӣ, мутахассисони ФҚХ намуди нави қарзҳои истеъмолӣ – қарз барои гармкунии манзили истиқоматӣ бо роҳи истифодаи сарфакоронаи нерӯро ба роҳ монданд.

Зимнан ташкилшавии ин ташкилоти қарзӣ ва фаъолияти он дар саросари се ноҳияи дурдасти кӯҳистон боиси пайдоиши ҷойҳои нави корӣ низ гардидааст. Бархе аз мизоҷони бо фаъолияти даромаднок машғулбуда ғайр аз таъмини зисту зиндагонии оила ва наздикони худ, боз як миқдор ҷойҳои кориро ба миён оварда, мардуми эҳтиёҷмандро бо фаъолияти доимӣ ва мавсимӣ таъмин кардаанд. Худи ФҚХ 98 мутахассисони маҳаллиро (сокинони худи ҷамоатҳои фарогирифтаро) ба кори худ ҷалб намуд, ки зиёда аз 10 нафари онҳо занон мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ғайр аз иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошташуда, яъне додани қарзҳои хурд ба деҳқонон ва расонидани кӯмак баҳри ҳаллу фасли бархе аз мушкилоти иҷтимоӣ, ФҚХ дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ҳамчун андозсупоранда саҳми арзанда низ дорад. Баробари зиёд шудани шумораи мизоҷон ва васеъ гардидани фаъолияти молиявӣ, миқдори андозҳое, ки Фонд ба буҷаи маҳаллӣ ва марказӣ дар маҷмӯъ ирсол менамояд, сол аз сол зиёд гардида истодааст. Агар ФҚХ дар соли 2008 зиёда аз 290 ҳазор сомонӣ андоз супурда бошад, соли 2010 ин нишондод зиёда аз 640 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо ҷамъбасти фаъолияти соли 2011 ФҚХ «Рушди водии Зарафшон» ҷамъулҷамъ 946 765 сомонӣ (баробар ба 1.1% аз ҷамъи андоз ва пардохтҳои иҷтимоии ба буҷети шаҳри Панҷакент воридшуда) андозу дигар пардохтҳои иҷтимоӣ супорид ва ин боис гардид, ки Фонд ҳамчун яке аз беҳтарин андозсупорандагони шаҳри Панҷакент дар соли 2011 эътироф шуда, ҳамчунин сазовори сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент гардад.

Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки дастгирии таъсис додани фонд аз тарафи БРСММ дар водии Зарафшон самараи нек ба бор оварда. нишондоди хуби кору фаъолияти Барномаи Рушди Ҷомеа аст. Зеро фаъолияти ФҚХ «Рушди водии Зарафшон» дар рушди иқтисодиву иҷтимоии водии Зарафшон назаррас буда, дар водӣ фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Бояд қайд намуд, ки хизматрасонии фонд дар раванди коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин манотиқи кишвар шоистаи эҳтирому эътибори арзандаи ҷомеа гардидааст.

БО МУСОИДАТИ  БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД