Кишоварзони манотиқи наздимарзии Афғонистон дар доираи лоиҳаи аз ҷониби БРСММ дастгирӣ ёфтанд. Яке аз қисматҳои барномаи мазкур бо ҳамкории ташкилоти “Act Central Asia” ва созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ роҳандозӣ шудааст.
Иттиҳодияҳои Савдои навтаъсисшуда ба деҳқонони Афғонистон рӯҳбаландӣ ва боварӣ бахшида, барояшон омӯзишҳои касбӣ оид ба андоз, идоракунии тиҷорат, муносибат бо мизоҷон ва амсоли инҳоро ташкил менамояд, то ин ки онҳо сарҷамъона фаъолият бурдан ва бо тиҷорати байнимарзӣ машғул шуданро омӯхта, зиндагии хешро беҳтар кунанд.
Занону мардони заҳматкаши вилоятҳои Тахор ва Қундуз ризқу рӯзии худро аз заминҳои кишти худ пайдо мекунанд. Гуфтанист, ин ду минтақаест, ки нисбат ба манотиқи дигари Афғонистон вазъи сиёсии ноором ва мушкилоти фаровони инфрасохториву иҷтимоӣ доранд. Кишоварзони Қундуз ва Тахор дар доираи лоиҳаи “Ташаббуси Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ» аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дастгирӣ ёфтанд. Яке аз қисматҳои барномаи мазкур бо ҳамкории ташкилоти “Act Central Asia” (Акт Осиёи Марказӣ) ва созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ роҳандозӣ шудааст.
Қабл аз таъсиси Иттиҳодияҳои Савдо, деҳқонон аз набудани маълумот ва дастрасии онҳо ба бозор, ноилоҷ маҳсулоти худро бо нархи беҳад арзон мефурӯхтанд, ё бо маҳсулоти камарзиш иваз менамуданд. Одатан, деҳқононе, ки саводи қазоӣ ва таҷрибаи кофӣ надоштанд, ҳатто вазъи нархро дар бозор дарк накарда, даромад ва зарарҳои тиҷоратии хешро ҳисобу китоб ва идора карда наметавонистанд. Табиист, ки аксари онҳо дар зудтарин фурсат муфлис мешуданд. Барои ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои худ деҳқонони камсавод ҷуръат ва дониш надоштанд.
Мутахассисони лоиҳа ба хотири бартараф намудани ин мушкил, ташкили Иттиҳодияҳои Савдоро дар Имом Соҳиби вилояти Қундуз ва Дашти Қалъаи вилояти Тахор дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, ба деҳқонони камбизоат, ки ин ташкилотро барпо намуданд, тавассути омӯзишҳои махсус, маҳорату малакаҳои зарурӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ва роҳҳои баромадан ба бозори дохилӣ ва байнимарзиро таълим доданд.
Силсилаи омӯзишҳои касбӣ бо назардошти ниёзҳои деҳқонон ташкил шуда, барояшон он маълумотеро дастрас намуд, ки барои пешрафти кори онҳо муҳим арзёбӣ мешуд. Аз ҷумла оид ба низоми пардохти андоз, рушди тиҷорат, таҳлили бозор, қонунҳои гумрукӣ ва боҷгузорӣ, роҳҳои тиҷоратии байнимарзӣ ва кор бо мизоҷон ва амсоли ин ба онҳо маълумот дода шуд.
То ба ин рӯз, дар Иттиҳодияҳои Савдо 138 деҳқон ва тоҷирони хурд, ки аз онҳо 42 нафарашро занон ташкил медиҳанд, аъзо ҳастанд. Барои аъзо шудан хоҳишмандон бояд ариза пешниҳод намуда, сокини Афғонистон ва ба тиҷорати хурд машғул буданашонро тасдиқ намуда, ваъда бидиҳанд, ки бо иштирок дар ҳамаи омӯзишҳо, дониши худро мукаммал намоянд.
Моҳи октябри соли 2011 ҳамчун ширкатдори лоиҳа се нафар тоҷирони афғон (ҳамчунин намояндагони Иттиҳодияҳои Савдо) ба ноҳияи Ҳамадонии Тоҷикистон омада, дар мизи муддаваре, ки бо дастгирии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ аз ҷониби Акт Осиёи Марказӣ ташкил шуда буд, ширкат варзиданд. Тоҷирони афғону тоҷик дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳои дутарафа барои харидории маҷсулоти чакана ва яклухт суханронӣ намуданд. Деҳқонони афғон ба ҳамкасбони тоҷики худ оид ба таҳлили бозори мавсимӣ, ниёзи мизоҷон ва нархҳои мавҷуда иттилоъ доданд. Намояндаи мақомоти гумрук низ ба таври муфассал ба деҳқонон дар мавриди қонунҳои тиҷоратии байнимарзӣ ва ҳуҷҷатҳои расмие, ки деҳқонон бояд дастрас намоянд, маълумот дод.
“ Махсусан м уттаҳидшавии деҳқонзанони тоҷири афғон, ки тавонистанд дар якҷоягӣ маҳсулоти худро дар бозорҳои ноҳиявӣ фурӯшанд, ҷолиби диққат аст. Ин муттаҳидӣ ба тоҷирон, назар ба он ки дар танҳоӣ ба хариду фурӯш машғул буданду даромади ночиз доштанд, афзалияти бештар дод. Муттаҳидшавии деҳқонон дар Иттиҳодияҳои Савдо ба онҳо қувва бахшид, то ба худ бовариашон бештар гардад ва тиҷорати худро васеъ намоянд», - мегӯяд ҳамоҳангсози барномаи Ассотсиасияи Рушди Афғонистон оғои Залман Станикзай.
«Акнун деҳқонон метавонанд, аз ширкат дар доду гирифтҳои хому пурфиреб худдорӣ карда, муштарак маводҳои кишоварзиро бо нархи дастрас, ҳамчун чакана харида, пасандоз ҳам намоянд», - афзуд оғои Станикзай.
Иттиҳодияи Савдо ба деҳқонон эҳсоси боварӣ бахшид, то ин ки манфиатҳои худро дар сатҳи ноҳия ҳифз намуда, мушкилиҳоро оид ба нақлиёт ҳал кунанд. Ин созмон ҳамчунин, гурӯҳҳои занонаро дар бар мегирад, ки онҳо ҷудогона аз мардон сарҷамъ шуда, нақшаҳои тиҷоратӣ ва ниёзи мизоҷонро дар мавсимҳои сол баррасӣ менамоянд. Интихобот дар Иттиҳодияи Савдо ба он мусоидат кард, ки занони камбизоати маҳаллӣ низ ба он аъзо шаванд.
Оғои Ҳоҷӣ Солеҳ Муҳаммад қаблан танҳо ба тиҷорати хурд машғул буд. Тавре ӯ мегӯяд, он рӯзҳо дар бораи андоз, боҷи давлатӣ ва ҳатто зарурати сабти расмӣ чизеро намедонист.
«Вақте ба лоиҳаи мазкур ҷалб шудам, дар силсилаомӯзишҳо доир бар андоз, қонунҳои боҷ, зарурати ба қайдгузорӣ иштирок кардам, душвориҳои ман бо кӯмаки ин лоиҳа бартараф шуд», - мегӯяд вай.
Оғои Ҳоҷӣ Солеҳ феълан масъулияти раҳбарии Иттиҳодияи Савдо дар Шерхон Бандари Имом Соҳибро ба ӯҳда дорад.
–Ҳозир мо вобаста ба андоз, қонунҳои гумрукӣ ва захиракунии маводҳои кишоварзӣ душворие надорем», - меафзояд ӯ.- Аъзоёни иттиҳодияи мо бо деҳқонону тоҷирони тоҷик дар Афғонистон ва Тоҷикистон вохӯрданд ва тавонистанд як зумра маҳсулотеро дар ҳамсоякишвар ба фурӯш гузошта, ба Афғонистон низ молу коло ворид кунанд. Муносибатҳои хуби байни Афғонистон ва Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъ ва шароити иқтисодӣ ёрӣ расонд.
Оғои Ҳоҷӣ Муҳаммад Солеҳ бо ҳамшарикони худ аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи сохтмонӣ бурда, аз Тоҷикистон орд, оҳан ва дору ворид мекунанд.
Ба воситаи ин лоиҳа деҳқонон ва тоҷирон тавонистанд нишон диҳанд, ки чӣ тавр шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ метавонад дар муносибати байнимарзӣ барои рушди бозор шароит фароҳам оварда, ба деҳқонони камбизоат имконияти ба даст овардани даромад ва беҳтар кардани сифати зиндагиашонро диҳад.
БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД
«Музыка – моя основная страсть». Валиджон Азизов о хайпе, секретах успеха и настоящем живом исполнении
«Молодежь в бизнесе»: нетворкинг, поддержка и истории успеха
«Меня, последнего динозавра советской культуры, забыли…» Хошим Гадо обратился с открытым письмом к президенту Таджикистана
Зарплаты курьеров в России превзошли доходы IT-специалистов
Рогунскую ГЭС назвали «ядром регионального рынка электроэнергии в Центральной Азии»
Безразличие и коррупция. Президент Таджикистана раскритиковал представителей судебной системы
ЕБРР и НБТ при поддержке Европейского Союза обучают специалистов финсектора Таджикистана
Как увеличить срок службы автомобиля: лайфхаки, о которых вам не расскажут автосервисы
Глава «Спитамен Иншуренс» вошел в ТОП-100 успешных людей Таджикистана
ЕАБР занес в единую базу данные о финансировании стран региона международными донорами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста