Суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Абдулвосеъ Бобизодаро барои корд задани се донишҷӯ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамзамон мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” муҳлати ҷазои адонашудаи ӯ аз чор як ҳисса кам гардид.
Мурофиаи додгоҳӣ дар барномаи “Сипар”-и ВКД ҶТ тавассути ТВ “Сафина” намоиш дода шуд.
Гуфта мешавад, Абдулвосеъ Бобизода, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳаммаслаконаш дар кӯчаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино муноқиша кардаанд. Номбурда бо қасди куштори ҳарифонаш ба узвҳои ҳаётан муҳими 3 нафари онҳо бо корд зарба задааст. Ҷабрдидагон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Абдулвосеъ Бобизода аз рӯйи моддаҳои 237 (Авбошӣ), 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол таъин карда шуд. Ҳамчунин мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” ҷазои адонашудаи Бобизода аз чор як ҳисса кам гардид.
Дар ин мурофиаи додгоҳӣ 3 нафар ҳаммаслакони Бобизода мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Куда деваются мозаики со снесенных зданий в Душанбе?
Таджикистанец Мухаммад Юнусов стал победителем международного шахматного турнира в Будапеште
В Таджикистане уволили 125 сотрудников электрических сетей за нарушения в обеспечении населения электроэнергией
Пользователей соцсетей в Узбекистане ждут штрафы и аресты за мат
Двух таджикистанцев приговорили к пожизненному заключению по делу о теракте в церкви в Стамбуле
Новые штрафы за нарушение правил дорожного движения в Таджикистане
Улугбек Мирзамухамедов: «Как развивать ИИ и не потерять себя в эпоху «глобализации ума»
Омбудсмен Таджикистана: в тюрьмах есть условия для лечения и операций
От стендапа до запрета: за что Нурлану Сабурову запретили въезд в Россию на 50 лет?
Таджикский дзюдоист Мухиддин Асадуллоев выиграл бронзу на «Большом шлеме»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста